Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Милитсияи пойтахт ду касро барои машғул шудан фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ҷарима кард
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ду сокини пойтахт хабар дод, ки ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду машғул буданд.
Манбаъ навиштааст, ки аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Шоҳмансур 2 далели машғул шудан ба фолбинӣ ва сеҳру ҷоду ошкор карда шуд.
Гуфта мешавад, ки шаҳрвандон Исаков Ҳабибулло ва Қурбонов Абдулфатоҳ, сокинони 58 ва 51-солаи шаҳри Душанбе ба ин амали мардумфиребона машғул гардида, аз ин ҳисоб манфиати молиявӣ ба даст меовардаанд.
Зикр мегардад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурдагон бо моддаи 482 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, аз ҷониби Суд нисбаташон ҷаримаи маъмурӣ ба андозаи 80 нишондиҳанда барои ҳисобҳо таъин карда шуд.
Ҳамчунин, номбурдагон ба иҷрои корҳои манфиатноки ҷамъиятӣ сафарбар гардидаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”