27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
17.09.2026 08:35

Ҳусиҳои Яман: касе, ки “пардаи Каъба”-ро ба Эпштейн ҳадя дод, душмани муқаддасоти исломӣ аст

Намояндаи ҳусиҳои Яман дар пайи изҳороти мақомоти Арабистони Саудӣ, ки гуфта буданд, ҳусиҳо ба макони муқаддаси Макка ҳамла намуданд, посух дод.

Маҳдӣ ал-Машшот, раиси Шурои олии сиёсии Яман таъкид намуд, иддаои Риёз дар хусуси мавриди ҳадаф қарор гирифтани Макка аз сӯйи Яман талошҳои ноумедкунанда барои барангехтани эҳсосоти мардуми ҷаҳон аст.

Ӯ гуфт, мардуми Яман ҳамон тавре, ки барои дифоъ аз Масҷиди Ақсо меҷанганд, барои дифоъ аз “Байтул-ҳарам” низ омодаи ҷоннисорӣ мебошанд.

“Касе, ки бо камоли бешармӣ “пардаи Каъба” -ро ба ҷинояткоре, ба мисли Эпштейн ҳадя мекунад, худи ӯ дар амал ба муқаддасоти Макка ва муқаддасоти исломӣ беҳурматӣ мекунад”- зикр намуд ин намояндаи ҳусиҳои Яман.

Дар ҳамин ҳол, Муҳаммад ал-Бухайтӣ, узви дафтари сиёсии ҳусиҳои Яман дар посух ба таблиғоти ахири расонаҳои Арабистони Саудӣ дар хусуси ҳамлаи Яман ба Макка таъкид кард, ки ин “дурӯғи бузург” аст. Ӯ бо ишора ба ҷойгоҳи муқаддаси Макка, Мадина ва Қудс дар андешаи муқовимат гуфт, ки мардуми Яман ва ҳукумати ин кишвар худро аз пешсафони дифоъ аз муқаддасоти исломӣ медонанд.

Ӯ такид кард, ки ин мантиқӣ нест, гурӯҳе, ки дар майдони ҷанг барои озодии қиблаи аввали мусулмонон меҷангад, ба ҳудуди қиблаи дувуми мусулмонон ҳамла кунад.

Расонаҳои Арабистони Саудӣ рӯзи гузашта, 16-уми сентябр иддао карданд, ки як паҳподи ҳусиҳои Яманро дар фарози осмони Макка раҳгирӣ ва нобуд кардаанд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.