27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
17.09.2026 08:16

Тоҷикистон ва Беларусия барои мубориза бо коррупсия санади нави ҳамкорӣ имзо карданд

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Беларусия бо имзои як тавофуқномаи нав мехоҳанд ҳамкориҳои худ дар мубориза бо коррупсияро густариш диҳанд.

Дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Беларусия Султонзода Сулаймон Саид, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дмитрий Гора, прокурори генералии Беларусия Барномаи ҳамкорӣ барои солҳои 2027-2028-ро, ки ҳадафаш мубориза бо коррупсия аст, ба имзо расонданд.

Ин санади нав рӯзи 16-уми сентябр дар ҷараёни мулоқоти ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҳайати Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Беларусия ба имзо расид.

Тибқи иттилоъ, ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро генерал-полковники адлия Султонзода Сулаймон Саид роҳбарӣ менамуд. Ҳадафи асосии сафар ширкат дар нишасти навбатии Шурои байнидавлатии муқовимат бо коррупсия буд.

Дар ҷараёни ин сафар ҳайати Тоҷикистон бо прокурори генералии Беларусия ҳамчунин, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҳар ду ҷониб дар бораи густариши ҳамкорӣ барои ошкор намудан ва тафтиши ҷиноятҳои коррупсионӣ, табодули иттилоот ва таҷриби корӣ, ҳамчунин, доир кардани чорабиниҳои муштарак гуфтугӯ карданд.

Натиҷаи асосии мулоқоти ҳайати Тоҷикистон бо ҳайати Беларусия имзои санади “Барномаи ҳамкорӣ дар самти муқовимат бо коррупсия барои солҳои 2027 -2028” буд.

Dialog.tj

 

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.