Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ҳамлаи мушакии ҳусиҳои Яман ба як ширкати нафт ва пойгоҳи ҳавоии Арабистони Саудӣ
Неруҳои мусаллаҳи ҳусиҳои Яман ба ширкати нафти Амрико ва Пойгоҳи ҳавоии “Хамис-мушайт”-и Арабистони Саудӣ ҳамла кардаанд.
Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи ҳусиҳои Яман дар ин хусус иттилоъ дода, афзуд, ки неруҳои ҳусӣ дар вокуниш ба ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ ба ин ду ҳадаф ҳамла кардаанд.
Тибқи иттилои ӯ, дар амалиёти низомии неруҳои мусаллаҳи Яман иншооти бузургтарин ширкати нафтии Амрико дар минтақаи Янбуъ ва Пойгоҳи ҳавоии Хамис- мушайт мавриди ҳамла қарор гирифтаанд.
Гуфта мешавад, ки дар ҳамла ба иншооти Амрико даҳҳо мушаки баллистикӣ ва ҳавопаймои бесарнишин истифода шудааст.
Пойгоҳи ҳавоии Хамис-мушайт бо чанд мушаки баллистикӣ мавриди ҳадаф қарор гирифт” - зикр кард Яҳё Сареъ.
Ӯ афзуд, ки ин ҳамла посух ба ҳамлаҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, Арабистони Саудӣ дар як ҳафтаи ахир 450 ҳамлаи ҳавоӣ дар Яман анҷом додааст.
“Ҳусиҳо амалиёти мушакӣ ва ҳавопаймоҳои бесарнишини худро дар умқи қаламрави Арабистони Саудӣ идома хоҳанд дод”- таъкид намуд Яҳё Сареъ.
Дар бораи хисорот, талафоти ҷиниву молӣ то ҳанӯз иттилооти дақиқ нашр нашудааст. Ҳамлаҳои ҳусиҳои Яман аз рӯзи 6-уми сентябр оғоз шуд ва то ҳол башиддат идома дорад.
Мақомоти Арабистони Саудӣ гуфтаанд, ки ба ҳамлаҳои ҳусиҳои Яман посух хоҳанд дод.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”