27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
17.09.2026 06:58

Амрико барои боздоштани як ҳамлаи Эрон 80 мушак истифода кард

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои боздоштани як ҳамлаи мушакии Эрон ба пойгоҳаш дар Урдун 80 мушаки зиддиҳавоӣ партоб кардааст.

Рӯзномаи “Уолл Стрит Журнал” бо истинод ба мақомоти низомии амрикоӣ ва кишварҳои минтақа навишт, ки неруҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои муқобила бо ҳамлаи Эрон аз 60 то 70 мушаки Патриот ва беш аз 12 мушаки THAAD  истифода намудааст.

Тибқи гузориши ин рӯзнома, шумораи мушакҳои истифодашуда барои ҳамлаи мушакии Эрон чанд баробар бештар аз мушакҳои партобшуда аз ҷониби Эрон будааст.

Тибқи навиштаи “Уолл Стрит Журнал” неруҳои амркоӣ дар ҷараёни ин амалиёт тақрибан ба андозаи захираи якҳафтаинаи мушакҳои зиддимушакии худ истифода намудаанд.

Бар асоси гузориши расонаҳо, мураккаб будани ҳамлаҳои Эрон барои системаи зиддиҳавоии Амрико мушкилоти бештар эҷод намудааст. Таъкид мешавад, ки истифодаи самтҳои мухталифи парвоз, навъҳои мухталифи мушак ва манёврҳои муайянкунии мушакҳо кори системаи зиддиҳавоии Амрикоро душвортар намудааст.

Ин нашрия иттилоъ медиҳад, ки дар ин ҳамла ҳавопаймоҳои ҷангӣ ва дигар ҳавопаймоҳои воқеъ дар пойгоҳи “Муваффақ ас-Салтӣ” дар кишвари Урдун мавриди ҳадаф қарор гирифтаанд.

Ин нашрия дар ҳоле ин иттилоъро нашр мекунад, қаблан мақомоти амрикоӣ гуфта буданд, ки ба пойгоҳи мазкур зарари ҷиддӣ нарасидааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.