Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Ким Чин Ин хостори тавлиди бештари силоҳҳои ҳастаии тактикӣ шуд
“Фокс Нюс”: Эрон ба як киштии Амрико дар Ҳурмуз ҳамла кард
Шабакаи хабарии “Фокс Нюс” (Fox News) хабар дод, ки рӯзи 16-уми сентябр Эрон ба як киштии Амрико дар наздикии гузаргоҳи Ҳурмуз ҳамлаи паҳподӣ ва мушакӣ анҷом дод. Ин расона иттилоъ дод, ки дар ҳамла чор паҳпод ва як мушаки эронӣ истифода шудааст.
Трей Йингест (Trey Yingst), хабарнигори ин шабкаи хабарӣ дар саҳифаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навишт, “ду манбаъ ба ин шабака гуфтаанд, ки киштии мазкур бо Амрико шартнома дошта, дар вақти убур аз гузаргоҳи Ҳурмуз мавриди ҳамла қарор гирифтааст”.
Тибқи иттилои ин расона, яке аз паҳподҳо ба киштӣ бархӯрда, бар асари бархӯрди он чанд нафар ҷароҳатҳои сабук бардоштаанд. Афроди осебдида ба яке аз кишварҳои ҳошияи Халиҷи Форс интиқол ёфтаанд. Гуфта мешавад, ки дар ин киштӣ кормандони амрикоӣ низ ҳузур доштаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад