27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
16.09.2026 16:13

Пажӯҳишгари покистонӣ: “Свотиҳо аз назари генетикӣ тоҷиканд”

Ориф Ҳасан Охундзода яке аз пажӯҳишгаронест, ки насаби худро ба тоҷикон пайванд медиҳад ва мегӯяд, ки қавми свотиҳо аз назари генетикӣ тоҷиканд ва дар Покистон зиндагӣ мекунанд.

Чанде қабл, ӯ дар 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон ба шаҳри Душанбе омад ва дар ҳамоишҳои вобаста ба ин ҷашн ширкат кард. Ӯ суханронии муфассале дар робита ба таърихи ҳузури тоҷикон дар Покистон эрод намуда, афзуд, ки таърихи ҳузури тоҷикон дар Покистон ба 800 сол қабл бармегардад. Ӯ худро аз назари генетикӣ тоҷик номида, таъкид кард, ки гурӯҳе аз мардумон дар Покистон дар талоши инанд, ки ҳувияти худро расман эҳё кунанд. Вобаста ба ин мавзуъ бо Ориф Ҳасан Охундзода суҳбати мухтасар доштем:

- Тайи чанд соли охир шумо ба воситаи мақола ва суҳбатҳои расонаӣ дар бораи таърих ва зиндагии тоҷикони Покистон суҳбат мекунед. Далелҳои шумо чӣ аст? Оё воқеан тоҷикон дар Покистон нуфуси зиёд доранд?

Ориф Ҳасан Охундзода: - Албатта, шавоҳиди мустанад, донишгоҳӣ ва генетикии муътабаре вуҷуд дорад, ки бар асоси онҳо метавон бо итминон гуфт, тоҷикҳо воқеан дар Покистон ҳузур доранд. Ҳарчанд барои нозирони сатҳӣ мумкин аст чунин ба назар нарасад. Аммо шарҳи дақиқи ин ҷанбаъҳо дар чорчӯби чунин мусоҳибаҳое, ки барои мухотабони омм танзим шудаанд, намеғунҷад. Дар кишваре бо ҷамъияти 220 миллион нафар, ҷамъияте ҳудуди 3 миллион нафар аз гурӯҳҳои мухталифи тоҷик, он ҳам гурӯҳе, ки ҳувияташон пинҳон монда ва ба дурустӣ дарк нашудааст, рақами чандон бузурге маҳсуб намешавад.

- Пешинаи хузури тоҷикон дар Покистон ба кадом солҳо бармегардад? Оё онҳо бо забони тоҷикӣ ҳарф мезананд ва чӣ нишонаҳое вуҷуд дорад, ки онҳоро аз дигар қавмҳои покистонӣ ҷудо мекунад?

Ориф Ҳасан Охундзода: - Бояд хотирнишон кард, ки Покистон ба маънои воқеии калима, кишваре бо ҳувияти таърихӣ ё фарҳангии якпорча (монанди Эрон, Тоҷикистон, Ҳинд ё Туркия) нест. Покистон як мавҷудияти сиёсии сохтагӣ аст, ки аз бахшҳои эронитабор (паштунҳо ва балуҷҳо) дар ғарби рӯди Синд ва бахшҳои ҳиндутабор (кӯҳистониҳои дордиизабон, панҷобиҳо ва синдиҳо) дар шарқи он рӯд ташкил шудааст. Кишваре, ки ба воситаи Британия бино ниҳода шуд ва Амрико онро якпорча нигоҳ дошт, то дар хидмати ҳадафҳо  ва дасисаҳои геополитикии онҳо бошад. Сохтори ин кишвар дар меҳвари дараи Синд шакл гирифтааст. Ҷое, ки тамоми ин гурӯҳҳо ба ҳам мерасанд. Худи рӯди Синд, марз ва ҳавзаи обрези миёни ҷаҳони эронӣ ва Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони ҳиндӣ аст. Покистон таҳти султаи ҷамъиятҳои ҳиндутабори худ қарор дорад. Касоне, ки ба вижа тамоюл доранд сарсупурдагии худро ба манфиатҳои англосаксонҳо (Амрико ва Британия) нишон диҳанд. Қадимӣ будани ҳузури тоҷикҳо дар дараи Синд ба ҳудуди 800 сол пеш бозмегардад. Онҳо дар бахши ғарбии дараи Синд дар Покистон ҳастанд.

- Бархе доираҳои сиёсӣ иддао мекунанд, ки зинда кардани ҳувияти тоҷик дар Покистон як тарҳи истихборотӣ ва амниятӣ аст. Ба назари Шумо чунин аст ё ин кор як амали худҷушӣ мардумӣ аст?

Ориф Ҳасан Охундзода: - Аз он ҷо, ки ман дар конуни талошҳо барои шиносоии тоҷикҳо дар Покистон қарор дорам, бо итминон мегӯям, ки ҳич гуна амалиёти иттилоотӣ ё ҷосусӣ дар кори мо дохил нест. Чунин фаъолиятҳое низ барои ҳич кас ҷуз худи мо, ки хоҳони бозшиносӣ ва исботи ҳувияти воқеиямон ҳастем, суде нахоҳад дошт. Бандҳои ҳоким бар Покистон, ки таҳти султаи панҷобиҳо ва пуштунҳоянд, ҳатто тоҷикҳои Афғонистон ё Тоҷикистонро ҳам чандон ҷиддӣ намегиранд. Пас бо мо чӣ кор хоҳанд дошт? Чунин афроде иддао мекунанд, ки ин кор амалиёти иттилоотии чӣ касе ҳаст? Агар чунин иддое сиҳат дошта бошад, чӣ касе аз он суд мебарад ё метавонад бибарад?

- Мегӯянд дар Покистон тоҷикон дар пайи эҷоди иттиҳоданду мехоҳанд ба ҳайси як қавм дар доираи ҳукумат расман шинохта шаванд. Оё онҳо ба ҳадафи худ мерасанд?

Ориф Ҳансан Охундзода: - Мо дар нимаи ғарбии Покистон чандин созмон ва анҷумани маҳаллӣ ташкил додаем, то намояндаи ҳувияти мо бошанд ва онро ошкор созанд. Бархӯрдорӣ аз барасмият шинохта шудан барои мо судманд хоҳад буд, зеро дар ҳоли ҳозир, мо дар миёни паштунҳо ва балучҳо идғом шуда ва ба унвони онҳо талаққӣ мешавем.

- Тибқи бархе маълумотҳо дар Покистон мардуми  Бадахшон ҳам зиндагӣ мекунанд. Оё онҳо забон ва фарҳанги худро ҳифз кардаанд?

Ориф Ҳасан Охундзода: Бале, дар воқеъ чанд гурӯҳи кӯчаки помирӣ, дар шимолитарин нуқтаи идории Покистон, яъне Гилгет-Билистон зиндагӣ мекунанд. Бузургтарини ин гурӯҳҳо қавми вахӣ аст. Бо ин ҳол, ҷамъияти онҳо ҳудуди бист ҳазор нафар аст, ки дар дурафтодатарин ва маҳрумтарин гӯшаи кишвар зиндагӣ мекунанд, ки худ дучори фурӯпошӣ ва нокороммадӣ мебошанд.

- Ояндаи тоҷикони Покистонро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

Ориф Ҳасан Охундзода: - Ман муътақидам, ки мо дар таърихи минтақаҳое, ки имрӯза Покистонро ташкил медиҳанд, ҷойгоҳ ва аҳамияте дорем. Бахусус, свотиҳо, ки таборе шоҳона ва ашрофӣ доранд ва ҳамчунин, виқору ҳайбати мулукона дар рафторашон пайдо аст.

- Оё онҳо метавонанд дубора ба ҳувияти аслии хеш баргарданд?

Ориф Ҳасан Охундзода: Нахустин подшоҳии тоҷик дар минтақае, ки имрӯз шимолу шарқии Афғонистон ва шимолу ғарбии Покистонро дар бар мегирад, салтанати свот ном дошт ва дар ҳудуди соли 1190-и мелодӣ, дар ҷараёни футуҳоти ғӯриён дар Ҳинд, таъсис шуд. Ин ҳукумат то соли 1520 мелодӣ, яъне замоне, ки Зуҳуриддини Бобури Темурӣ бо ёри қабоили афғон онро сарнагун кард, побарҷо буд. Ниёгони ман ба гунае аз забони форсии миёна ё паҳлавӣ ба номи “габарӣ” сухан мегуфтанд. Забоне, ки имрӯз ҳамчунон ба воситаи ҷамъияти зардуштиҳои сокини Язду Кирмон дар Эрон такаллум мешавад. Тоҷикҳои Покистон забони форсиро аз даст додаанд ва ба забонҳои пашту ё балучӣ суҳбат мекунанд. Бо ин ҳол, мо ҳувияти худро на бо забону одобу русум, балки бо табор ва насабамон месанҷем. Бисёре аз тоҷикҳои ин ҷо бо ифтихор номи хонаводагии худро “тоҷик” менависанд. Бар хилофи тоҷикҳои Афғонистон ва Тоҷикистон мо ҳувияти худро дар табор ва насабамон мебинем, на дар ин ки оё форсӣ суҳбат мекунем, Наврӯзро ҷашн мегирем, ё “Шоҳнома” хондаем. Албатта, бархе аз мо суннатҳо ё одобу русуми худро рӯшантар аз дигарон ба ёд дорем. Ин мавзуъ бахусус дар мавриди мо, ки асолати свотӣ дорем, маълум аст.

Идома дорад

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.