Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ҷангандаи F-15-и Арабистони Саудӣ дар осмони Яман сарнагун шуд
Як ҷангандаи “F-15”-и Арабистони Саудӣ дар осмони Мариби Яман аз ҷониби неруҳои мусаллаҳи ин кишвар сарнагун шудааст.
Дар ин хусус расонаҳои арабӣ хабар дода, тасдиқ намуданд, ки ҳавопаймои ҷангии Арабистони Саудӣ бо мушаки замин ба ҳаво мавриди ҳадаф қарор гирифтааст.
Яҳё Сареъ, сухангӯи неруҳои мусаллаҳи Яман, рӯзи чоршанбе бо нашри як изҳорот гуфт, ки ҳавопаймои ҷангии Арабистони Саудӣ дар вақти “анҷом додани амалиёти душманона” сарнагун карда шуд.
Ӯ гуфт, ки неруҳои мусаллаҳи Яман бо ҷангандаҳои “F-15” ва “Тайфун”-и Саудӣ мубориза намуданд ва ин ҳавопаймоҳо маҷбур шуданд, ки осмони Яманро тарк кунанд. Ӯ таъкид кард, ки баъди сарнагун шудани ҳавопаймо, неруҳои ҳавоии Арабистони Саудӣ барои ҷустуҷӯи ҳавопаймои сарнагуншуда амалиёт анҷом доданд.
Тибқи гузориши расонаҳо, дар рӯзҳои ахир ҷангандаҳои Саудӣ беш аз 450 ҳамлаи ҳавоӣ дар вилоятҳои мухталифи Яман, аз ҷумла Таиз, Лаҷ, Ҷавф, Ҳаҷҷа, Мариб, Саъда ва Байзо анҷом додаанд.
Ин хабар дар ҳоле нашр мешавад, ки Арабистони Саудӣ расман хабари сарнагун шудани ҳавопаймои ҷангии худро тасдиқ накардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”