27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
16.09.2026 13:53

“Ҳадафи омӯзгор паст задани шаъну шарафи хонанда нест”. Шуъбаи маорифи Ёвон ба навори баҳсбарангез вокуниш кард

Шуъбаи маорифи ноҳияи Ёвон ба навори дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳнгардида, ки дар он рафтори омӯзгори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №72-и ноҳияи мазкур нисбат ба хонанда инъикос ёфтааст, вокуниш кард.

Манбаъ навиштааст, ки тибқи гуфтаи омӯзгор, ҳадафи ӯ пешгирӣ намудани беэътиноӣ ба раванди таълим ва водор намудани хонанда ба масъулияти бештар дар иҷрои талаботи таълимӣ, аз ҷумла, доштани дафтару лавозимоти зарурӣ будааст.

“Дар маҷмуъ, ҳадафи омӯзгор паст задани шаъну шарафи хонанда ва ё расонидани зарар ба ӯ нест”, - омадааст дар вокуниш.

Дар ҳамин ҳол, гуфта мешавад, ки “интихоби усули таъсиррасонӣ дар чунин ҳолат қобили қабул набуда, аз ҷониби омӯзгор ғайрикасбӣ арзёбӣ мегардад. Мушкилот ва камбудии хонанда, новобаста аз сабаби ба миён омадани он, бояд тавассути усулҳои педагогӣ, муоширати эҳтиромона ва ҳамкории созандаи омӯзгор бо падару модар ҳал карда шавад. Ба навор гирифтани хонанда ва равон намудани он ба падару модар, ҳатто бо нияти ҷалби таваҷҷуҳи онҳо ба масъулияти фарзанд, наметавонад ҳамчун усули дурусти педагогӣ арзёбӣ гардад ва хилофи меъёрҳои амалкунанда аст”.

Афзуда мешавад, ки падару модар низ дар таълиму тарбияи фарзанд масъулияти бевосита доран, аз ҷумла онҳо лавозимоти таълимӣ ва дигар имкониятҳои заруриро фароҳам оварда, аз рафти таҳсил, ҳозиршавӣ ба дарсҳо, муносибат ва рафтори фарзанди худ мунтазам огоҳ бошанд.

“Масъалаи мазкур дар доираи ваколатҳои муқарраргардида мавриди корбарӣ қарор дошта, ба рафтор ва фаъолияти касбии омӯзгор аз нуқтаи назари талаботи қонунгузорӣ ва меъёрҳои касбӣ баҳои дахлдор дода мешавад. Дар сурати муайян гардидани асосҳои зарурӣ ва мувофиқи натиҷаи баррасии масъала, нисбат ба омӯзгор чораҳои дахлдор андешида шуда, то маҳдуд ё дур намудани ӯ аз фаъолияти касбӣ тибқи тартиби муқарраргардида масъалагузорӣ карда мешавад”, - зикр мегардад дар вокуниш.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.