Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Вэнс: “Исроил шарики муҳимми Амрико аст”
Ҷей Ди Вэнс, муовини президенти ИМА гуфтааст, ки Вашингтон ҳамеша бо Тел-Авив ҳамфикр нест, аммо Исроилро шарики муҳимми Амрико дар бахшҳои технологияи низомӣ ва табодули иттилоот медонад.
Вэнс ин нуктаро субҳи чоршанбе дар суҳбат бо подкасти «Ол-ин» баён кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, Доналд Трамп дар муқоиса бо президентҳои Амрико дар 40 соли гузашта бештар омодагӣ нишон додааст, ки дар ҳолати гуногунии манфиатҳои ИМА ва Исроил аз сарвазири Исроил Бенямин Нетаняҳу мавқеи ҷудогона бигирад.
Вэнс ҳамчунин, дар бораи вазъи минтақа ва Эрон гуфтааст, ки киштиҳои тиҷоратӣ ҳадафи тирандозӣ қарор мегиранд. Ӯ иддао кардааст, ки буҳрони ҷаҳонии энержӣ то замоне идома хоҳад дошт, ки «эрониҳо ба киштиҳо тирандозӣ мекунанд».
Муовини президенти ИМА гуфтааст, ки ҳадафи Вашингтон таъмини идомаи дастрасии бозорҳои ҷаҳонии энержӣ ба нафту газ аст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”