27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
15.09.2026 17:43

Тоҷикистон ва БАТР нақшаи ҳамкории то соли 2030-ро имзо карданд

Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои густариши ҳамкориҳои самроягузорӣ дар солҳои 2026-2030 санади нави ҳамкорӣ имзо намуданд.

Тибқи иттилоъ, Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд тавофуқномаи ҳамдигарфаҳмӣ дар хусуси харитаи роҳи стратегии сармоягузориҳои бисёрсоларо имзо намуданд, ки он заминаи ҳамкориҳои дуҷонибаро фароҳам мекунад.

Вазорати молияи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки тавофуқномаи зикршуда самтҳои асосии ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдид ва рушд барои чор соли ояндаро муайян мекунад.

Дар тавофуқномаи зикршуда яке аз бахшҳои асосӣ ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика мебошад. Ду ҷониб ният доранд барои рушди манбаъҳои барқаршавандаи энергия ва коҳиш додани талафоти  неруи барқ ҳамкорӣ кунанд.

Ҳамчунин, масъалаҳои рушди низоми обёрӣ, беҳтар кардани идоракунии иқтисодӣ, баланд бардоштани самаранокии корхонаҳои давлатӣ низ ба нақшаи ҳамкориҳои дуҷониба ворид карда шуданд.

Ҷалби сармояи хусусӣ, беҳтар кардани робитаҳои нақлиётӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ  ва рушди рақамикунонӣ аз самтҳои асосии ҳамкориҳои дуҷонибаи тавофуқномаи имзошуда мебошанд.

Тавофуқномаи имзошуда ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои зикршударо аз соли 2026 то соли 2030 фаро мегирад.

Бонки аврупоии таҷдид ва рушд яке аз шарикони асосии байналмилалии Тоҷикистон дар бахши сармоягузорӣ ба шумор меравад. Ҳамкориҳои Тоҷикистон бо ин бонк асосан дар самтҳои энергетика, нақлиёт, инфрасохтор, рушди бахши хусусӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ ҷараён дорад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.