27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
15.09.2026 17:35

Осиёи Марказӣ ба майдони нави рақобати ҳуши маснуъӣ табдил мешавад

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон метавонанд бо истифода аз неруи барқи обӣ дар рушди марказҳои бузурги ҳисоббарорӣ барои ҳуши маснуъӣ ҷойгоҳи нав пайдо намоянд.

Агентии байналмилалии “Moody’s” гуфтааст, норасоии мавсимии неруи барқ ва фарсуда будани шабакаҳои энергетикӣ метавонад ба ин нақшаҳо монеа эҷод кунад.

Бар асоси гузориши ин агентӣ Осиёи Марказӣ метавонад дар солҳои оянда на фақат як долони муҳимми тиҷоратӣ, балки як масири калидии интиқоли маълумоти рақамӣ низ шавад. Ин агентӣ мегӯяд, ташаббуси “Роҳи рақамии Абрешим” ба густариши интернет, кабелҳои нахи оптикӣ ва марказҳои коркарди иттилоот дар минтақа мусоидат хоҳад кард.

Тибқи иттилои ин агентӣ яке аз лоиҳаҳои асосӣ кашидани кабели зериобии нахи оптикӣ миёни Озарбойҷон ва Қазоқистон мебошад. Кабели дигар ба воситаи Баҳри Сиёҳ метавонад Қафқози Ҷанубиро ба шакли мустақимтар ба Аврупо пайванд диҳад.

Гуфта мешавад, ки дар ин рақобати технологӣ Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз ҳоло қадамҳои ҷиддӣ гузоштаанд. Ҷумҳурии Қазоқистон барои бунёди марказҳои коркарди маълумот ва рушди суперкомпютери миллӣ сармоягузорӣ мекунад. Ин кишвар барои ҷалби сармоя ба ин соҳа ва истифодаи энергияи таҷдидшаванда талош дорад.

Агентии “Moody’s” мегӯяд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон низ дар ин соҳа имконият доранд. Ба гуфтаи ин агентӣ, неруи барқи обӣ метавонад ба ин ду кишвар барои рушди иқтидорҳои ҳисоббарорӣ замина фароҳам кунад.

Агентии “Moody’s” мегӯяд, рушди марказҳои коркарди иттилоот ва инфрасохтори рақамӣ метавонад дар оянда ба густариши хадамоти абрӣ, ҳуши маснуъӣ ва дигар хизматрасониҳои технологӣ дар тамоми минтақа мусоидат кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.