Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Тоҷикон дар Қирғизистон метавонанд 60 рӯз бе виза зиндагӣ кунанд
Ҷумҳурии Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки аз 18-уми сентябри соли ҷорӣ муҳалати будубоши шаҳрвандони хориҷӣ, аз ҷумла муҳоҷирони кориро ба шакли автоматӣ ба қайд гирад.
Расонаҳои қирғизӣ хабар додаанд, ки дар тағйироти нави сабти номи шаҳрвандон ва муҳоҷирони корӣ, аз ҷумла шаҳрвандони Тоҷикистон метавонанд 60 рӯз бидуни сабти ном дар ин кишвар зиндагӣ кунанд.
Расонаҳои қирғизӣ шарҳ медиҳанд, тибқи қарори нави Қирғизистон агар муҳлати буду боши шаҳрвандони Тоҷикистон аз 60 рӯз зиёд шавад, онҳо метавонанд санадҳои худро барои сабти ном ба мақомоти дахлдор пешниҳод кунанд.
Тибқи қоидҳои нав аз 18-уми сентябр муҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Қирғизистон ба воситаи системаи ягонаи баҳисобгирӣ ба роҳ монда мешавад.
Гуфта мешавад, ки Қирғизистон бо ҷорӣ намудани қоидаҳои нав назорати муҳоҷирон хориҷӣ дар ин кишварро сахттар намудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”