27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
15.09.2026 15:41

Барои баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ ва беҳтар намудани ҳолати техникӣ. Дар кишвар амалиёти «Автобус» ҷараён дорад

Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14-уми сентябр амалиёти «Автобус» оғоз шуда, то 23-юми сентябр давом меёбад.

Раёсати бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилӣ хабар дод, ки амалиёти «Автобус» бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт, баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ ба мусофирон, беҳтар намудани ҳолати техникии воситаҳои нақлиёт, ба низом даровардани ҳаракати воситаҳои нақлиёт, махсусан, воситаҳои нақлиёти мусофирбар, инчунин, таъмини риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ баргузор мегардад.

Гуфта мешавад, ки дар ҷараёни амалиёти мазкур аз ҷониби кормандони БДА назорати риояи талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, ҳолати техникӣ, сатҳи хизматрасонии воситаҳои нақлиёти мусофирбар, инчунин, дигар талаботи муқарраргардида пурзӯр карда мешавад.

“Аз роҳбарони корхонаҳо ва ҷамъиятҳое, ки ба интиқоли мусофирон машғул мебошанд, даъват карда мешавад, ки дар давраи гузаронидани амалиёти «Автобус» ва минбаъд низ ба риояи қатъии талаботи Қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, таъмини ҳолати хуби техникии воситаҳои нақлиёт ва риояи интизоми ронандагон таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намоянд”, - навиштааст манбаъ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.