Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Шурои амният барои баррасии вазъи Бобулмандаб ҷаласаи изтирорӣ баргузор мекунад
Манобеи дипломатӣ мегӯянд, ки Шурои амнияти Созмони Милали Муттаҳид рӯзи сешанбе барои баррасии таҳаввулоти марбут ба тангаи Бобулмандаб ҷаласаи изтирорӣ баргузор хоҳад кард.
Шабакаи “Ал-Ҷазира” субҳи рӯзи сешанбе бо такя ба манобеи дипломатӣ гузориш дод, ки Шурои амнияти СММ вазъи тангаи Бобулмандаб ва таҳаввулоти ахир дар атрофи онро дар як ҷаласаи изтирорӣ баррасӣ мекунад.
Ин ҷаласа дар ҳоле баргузор мешавад, ки тибқи гузоришҳо, “Ансоруллоҳ” назорати худро бар соҳили тангаи Бобулмандаб тақвият додаанд. Ҳамзамон, нигарониҳо дар бораи паёмадҳои эҳтимолии вазъият барои амнияти киштиронӣ дар ин масир афзоиш ёфтааст.
Бобулмандаб яке аз роҳҳои муҳимми дарёӣ барои ҳамлу нақли байналмилалӣ ба шумор меравад ва ҳар гуна маҳдудият дар фаъолияти он метавонад ба тиҷорати ҷаҳонӣ ва занҷираи таъминоти мол таъсир расонад.
Ҳамзамон, Созмони озуқа ва кишоварзии СММ ҳушдор додааст, ки баста шудани тангаи Ҳурмуз метавонад дар нимаи дуюми соли ҷорӣ ва то соли 2027 боиси коҳиши истеҳсол ва пешниҳоди маводи озуқа дар бозорҳои ҷаҳонӣ шавад.
Ба навиштаи хабаргузории “Спутник”, бар асоси таҳлилҳои Созмони озуқа ва кишоварзии СММ, таконҳои иқтисодие, ки дар пайи буҳрони тангаи Ҳурмуз ба вуҷуд меоянд, метавонанд боиси болоравии нархи маводи озуқа ва афзоиши гуруснагӣ дар кишварҳо ва минтақаҳое шаванд, ки аллакай аз буҳронҳои тӯлонии ғизоӣ ё ҳолатҳои шадиди камбуди маводи ғизоӣ осеб дидаанд.
Коршиносон мегӯянд, ҳар гуна халал дар масирҳои муҳимми дарёӣ метавонад на танҳо ба интиқоли энержӣ, балки ба нархи маводи ғизоӣ ва дигар молҳои асосӣ дар бозорҳои ҷаҳонӣ низ таъсир расонад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”