27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
15.09.2026 09:04

“Бин Лодин ба ҳамла омодагӣ медид”. СРУ 71 санади махфӣ дар бораи ҳодисаи 11-уми сентябрро нашр кард

Чанде қабл Идораи марказии иктишофии ИМА (СРУ, CIA - Central Intelligence Agency) санадҳои махфии вобаста ба ҳодисаи террористии 11-уми сентябрро расонаӣ кард. Дар ин санадҳо манзараи ҳайратангези моҳҳои қабл аз ҳодисаи 11 –уми сентябр нишон дода шудааст. Дар ин санадҳо зикр мешавад, ки Мулло Умар аз нақшаҳои Бин Лодин бохабар будааст. Дар дохили гурӯҳи террористии Толибон бар сари ҳузури ӯ дар миёни ин гурӯҳ ихтилоф вуҷуд доштааст. Масъулони амрикоӣ дар бораи ҳавопаймоҳои рабудашуда аз ҷониби идораҳои ҷусусӣ иттилоъ гирифта буданд.

Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ СРУ ба муносибати 25-умин солгарди ҳамлаҳои 11-уми сентябр 71 гузориш бо муҳри махфиро аз махфӣ будан хориҷ намуда, дар ихтиёри расонаҳо қарор додаанд.

Ин санадҳо солҳои 1998 то сентябри соли 2001-ро дар бар мегирад ва яке аз муҳимтарин хазинаи маълумоти истихборотии махфӣ дар бораи Усома Бин Лодин ва гурӯҳи террористии ӯ “Ал-Қоида” ва Толибон ба шумор меравад. Расонаҳо ишора мекунанд, ки баъзе ҷузъиёти ин санадҳо имрӯз низ метавонанд диққати хонандаро ҷалб намоянд.

Дар яке аз ин санадҳо гуфта мешавад, Бин Лодин дар моҳи августи соли 2001 ба Мулло Умар мегӯяд, ки дар хориҷ аз Афғонистон як амалиёт тарҳрезӣ шуд ва ба Амрико хисороти зиёд меорад. Ин суханро Бин Лодин чанд ҳафта қабл аз ҳодисаи 11-уми сентябр ба Мулло Умар мегӯяд. Дар санади дигар, ки асосан иттилооти бадастовардаи кормандони СРУ аст, гуфта мешавад, ки дар миёни бархе аз роҳбарони Толибон дар бораи ҳузури Бин Лодин дар хоки Афғонистон ихтилоф ба вуҷуд омада буд. Гуфта шудааст, ки бо вуҷуди фишору ихтилофи сарони Толибон дар бораи Бин Лодин, раҳбари “Ал-Қоида” Мулло Умар, раҳбари Толибон аз ҳузури ӯ дар хоки Афғонистон пуштибонӣ кардааст.

Дар яке аз ин санадҳо зикр мешавад, ки  дар моҳи апрели соли 2000-ум як фармондеҳ ва чанд нафар ёварони ӯ, бо далели мухолифат аз ҳузури Бин Лодин дар Афғонистон кушта мешаванд.

Дар ин санадҳои расонаишуда, зикр мешавад, ки СРУ дар солҳои пеш аз ҳодисаи 11-уми сентябр аз таҳдидҳои Бин Лодин нигарон будааст. Дар соли 1998 масъулони истихбороти Амрико дар хусуси талошҳои гурӯҳҳои ифротӣ барои ба даст овардани имкониятҳои истифода аз силоҳи кимиёӣ, биологӣ ва атомӣ ҳушдор дода будаанд. Моҳи сентябр ҳамон суол, СРУ эҳтимоли истифода аз ҳавопаймои пур аз маводи таркандаро баррасӣ карда буд. Дар гузориши СРУ зикр мешавад, ки Бин Лодин мехоҳад ба Амрико, бахусус Вашингтон ҳамлаи террористӣ анҷом диҳад.

Яке аз муҳитарин санадҳо, бо номи “Бин Лодин барои ҳамла ба Амрико қонеъ аст”, рӯзи 6-уми августи соли 2001 омода шудааст. Дар ин санад, иттилооти Бюрои федералии тафтишоти Амрико (FBI) дар хусуси фаъолияти шубҳаноки бархе афрод дар Амрико ишора шуда буд. Мақомоти амрикоӣ эҳтимоли иртиботи ин фаъолиятҳо бо омодагӣ барои рабудани ҳавопаймо ва дигар ҳамлаҳоро баррасӣ менамуданд.

Дар яке аз санадҳои дигари марбут ба СРУ гуфта мешавад, ки эҳтимоли ҳамлаи “Ал-Қоида” ба марказҳои муҳимми Вашингтон вуҷуд дорад. Гуфта мешавад, эҳтимолан Кохи Сафед ва бинои Конгресси ИМА дар миёни ҳадафҳои эҳтимолии террористии “Ал-Қоида” қарор дошта бошанд.

Дар гузориши моҳи май, ки дар ин санадҳо дарҷ шудааст, гуфта мешавад, ки манобеи истихборотӣ аз моҳи июли соли 2001 ҳушдор медоданд, ки як амалиёти террористии вобаста ба Бин Лодин ба таъхир афтодааст, вале омодагӣ барои ҳамлаи дигар метавонад идома дошта бошад.

Санадҳои ифшокардаи СРУ нишон медиҳад, ки муносибати Толибон ва Бин Лодин ҳамеша ором ва хуб набудааст. Дар соли 2000-ум СРУ гузориш дода буд, ки неруҳои Толибон бар сари масъалаи Бин Лодин бо ҳам даргир шудаанд.

Баъдан СРУ дар санади дигар навишт, ки  Мулло Умар Бин Лодинро як мушкил медонист, вале аз супоридани ӯ ба Амрико худдорӣ мекард. Бо вуҷуди ин ки ҷомеаи байналмилалӣ ба Толибон фишор меовард, роҳбари ин гурӯҳи террористӣ ба таслим кардани Бин Лодин розӣ нашуд.

Дар бархе санадҳои нашршуда, ба фаъолияти иқтисодии Бин Лодин ва робитаҳои эҳтимолии ӯ бо тиҷорати маводи мухаддир дар Афғонистон ишора шудааст.

Дар як санади соли 1999 ишора мешавад, ки Бин Лодин  даҳҳо озмоишгоҳҳои вобаста ба Толибонро сармоягузорӣ намуда, барои истеҳсол намудани маводи нашъовар мутахассисонро ҷалб кардааст.

Дар санад зикр мешавад, ки таҳқиқоти баъдии комиссияи 11-уми сентябр далели боэътимод дар хусуси қочоқи маводи мухаддир аз ҷониби Бин Лодин ё мабмалғузории ӯ аз ин роҳ пайдо нашуд.

Ин санадҳои ифшошуда фақат дар бораи Бин Лодин иттилоот намедиҳанд, балки нишон медиҳанд, роҳбарияти Толибон дар охири солҳои 1990 бо ҷараёнҳои террористии мухталиф робита барқарор карда буд. Яке аз ин гурӯҳҳо, ки ба Мулло Умар наздик буд, ба даст овардани эътирофи байналмилалиро чандон муҳим намедонист. Зикр мешавад, ки бархе роҳбарони Толибон сиёсати амалгароёнатар доштанд ва мехостанд бо ҷомеаи байналмилалӣ муносибати беҳтар дошта бошанд.

СРУ дар гузориши худ ҳукумати онвақтаи Толибонро заиф ва аз лиҳози идора намудани иқтисодӣ бесарусомон арзёбӣ карда буд. Зикр мешавад, ки дар он давра фақат Покистон,  Арабистони Саудӣ ва Имороти Муттаҳидаи Араб ҳукумати Толибонро расман эътироф мекарданд.

Дар яке аз санадҳои охирини ин маҷмуа, ки пеш аз ҳодисаи 11-уми сентябр навишта шудааст, далелҳое баррасӣ мешаванд, ки нишон медиҳад, бархе аз ифротгароён дар Афғонистон ва минтақа шояд аз наздик шудани ҳамлаҳо огоҳ буданд. Дар ин санадҳо, ба ихтилофи Бин Лодин ва Мулло Умар дар ҳафтаҳои пеш аз ҳамла ишора шудааст.

СРУ мегӯяд, 71 санаде, ки ҳоло нашр мешавад, бузургтарин маҷмуаи таҳлилҳои истихбороти ин созмон дар хусуси 11-уми сентябр аст, ки имрӯз ба шакли оммавӣ нашр мешаванд. Ин сандҳо аз феврали соли 1998 то сентябри соли 2001-ро дар бар мегиранд ва барои президентҳо ва масабдорони воломақоми ҳукумати ИМА таҳия шуда буданд.

Қобили зикр аст, дар миёни 71 санаде, ки СРУ нашр кард, номи Тоҷикистон ё Душанбе зикр нашудааст. Фақат дар як санад, ки вобаста ба Осиёи Марказӣ аст, зикр мешавад, ки Бин Лодин барои интиқоли садҳо ҷангҷӯ ба Қафқози Шимолӣ ва Осиёи Ҷанубӣ фармондеҳони худро таъин кардааст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.