Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад
Қадрдонии як сокини пойтахт барои наҷоти ҷавондухтаре аз худкушӣ
“Реал Мадрид” боз “камбэк” кард. Бозии дидании бошгоҳи шоҳона ва “ПСВ” дар Лигаи чемпионҳо
Барои паҳн накардани аксу навори бадномкунанда маблағи калон талаб намудааст. Ҷавонзане бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти ҷавонзане хабар дод, ки ба тамаъҷӯӣ гумонбар аст.
Манбаъ навиштааст, ки аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Сино ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти тамаъҷӯӣ Ибрагимова Мунаввара, сокини 23-солаи шаҳри Душанбе дастгир карда шуд.
Афзуда мешавад, ки гумонбаршаванда бо ҷавоне муносибати ошиқона дошта, барои паҳн накардани акс, навор ва дигар маълумоти бадномкунанда аз ӯ маблағи калон талаб намуда, гирифтааст.
Пас аз дастгир гардидани Ибрагимова М. қисме аз маблағҳои бо роҳи тамаъҷӯӣ бадастовардаи ӯ ҳамчун далели шайъӣ дарёфт ва мусодира карда шуд.
Гуфта мешавад, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурда тибқи талаботи моддаи 250 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, мавриди тафтишоти пешакӣ қарор дорад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Сарвазири кишвар корхонаи «Нони Модар»-ро дар ноҳияи Балҷувон мавриди истифода қарор дод
Бинои иловагии муассисаи таҳсилоти умумии асосии №48 дар Муъминобод ифтитоҳ гардид
Консерти ҳунармандони тоҷик дар Париж
Бозии тақдирсоз. Мунтахаби наврасони Тоҷикистон бо ҳамсолони худ аз Сенегал рақобат мекунад