Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Кореяи Шимолӣ аз анҷоми як размоиши мушакӣ хабар дод
Кореяи Шимолӣ бо эълони анҷоми як размоиши низомӣ, ки артиллерия ва неруҳои мушакиро дар бар мегирифт, гуфтааст, партоби мушакҳо бахше аз размоиши тирпарронӣ бо муҳимоти ҷангӣ будааст.
“Ройтерз” рӯзи душанбе, 14-уми сентябр, гузориш додааст, ки ин размоиш рӯзи шанбе ва пас аз размоиши муштараки панҷрӯзаи миёни Кореяи Ҷанубӣ, Амрико ва Ҷопон, ки рӯзи ҷумъа ба поён расид, анҷом шудааст.
Бар асоси гузориш, ин хабар аз ҷониби хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ (KCNA) нашр шудааст.
Ба гуфтаи хабаргузории расмии Кореяи Шимолӣ, “размоиши муштараки ҳамла бо қудрати оташ” панҷ воҳиди артишро дар бар мегирифт ва дар ҷараёни он чандин низоми таслиҳотӣ, аз ҷумла паҳподҳои ҳамлагар, мушакҳои крузии тактикӣ, мушакҳои баллистикии тактикӣ ва мушакандозҳои чандгонаи калибри баланд мавриди озмоиш қарор гирифтанд.
Ин дар ҳолест, ки расонаҳои давлатии Кореяи Шимолӣ қаблан дар бораи чандин озмоиши мушакии ахир, ки аз ҷониби Кореяи Ҷанубӣ гузориш шуда буд, хомӯшӣ ихтиёр карда буданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”