Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дастоварди назарраси ҳунармандони ҷавони Сирки давлатии Тоҷикистон аз Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд»
Бинобар иттилои маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳунармандони ҷавони Сирки давлатии Тоҷикистон дар Фестивали байналмилалии «Ҳунарманд» соҳиби ҷойи сеюм гардиданд.
Манбаъ навиштааст, ки аз 10-ум то 13-уми сентябри соли равон дар Сирки Никулини шаҳри Маскав Фестивали чоруми байналмилалии «Ҳунарманд» баргузор гардид.
Гуфта мешавад, ки дар фестивали мазкур ҳунаромӯзони студияи сирки назди Муассисаи давлатии «Сирки давлатии Тоҷикистон» бо барномаи гимнастикаи ҳавоӣ дар лангар (якор) иштирок намуданд. Рашидбекова Самина ва Салимзода Омина таҳти роҳбарии мураббӣ Мастона Собирова бо маҳорати баланди касбӣ баромад намуда, сазовори ҷойи сеюм гардиданд.
“Ин дастоварди ҳунармандони ҷавон дар арсаи байналмилалӣ нишонаи рушди маҳорати касбии насли наврас ва муаррифгари шоистаи санъати сирки Тоҷикистон мебошад”, - навиштааст манбаъ.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”