27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
14.09.2026 15:01

Чин дар Тоҷикистон “телескоп”-и моҳвораии назорати замин месозад

Мақомоти Тоҷикистон ва як ширкати чинӣ масъалаи таъсиси Маркази миллии ҷамъоварии маълумоти моҳвораӣ дар заминро баррасӣ кардаанд.

Масъалаи таъсиси маркази ҷамъоварии маълумоти моҳвораӣ дар замин дар мулоқоти Исфандиёри Саъдулло, сардори Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Чжао Чунчао, муовини роҳбари ширкати “Great Wall Industry Corporation” (CGWIC) баррасӣ шуд.

Тибқи иттилои Хадамоти алоқаи Тоҷикистон, ин мулоқот дар шаҳри Душанбе сурат гирифт. Ҳар ду ҷониб зикр намуданд, ки марказ метавонад барои назорати пиряхҳо, захираҳои обӣ ва пешгирии офатҳои табиӣ истифода шавад.

Хадамоти алоқаи Тоҷикистон хабар медиҳад, ки дар мулоқот имкониятҳои густариши ҳамкорӣ дар бахши технологияҳои кайҳонӣ ва истифодаи иттилооти моҳвораӣ баррасӣ шудаанд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, ки чунин марказ метавонад барои ҷамъоварӣ ва таҳлили маълумоти вобаста ба тағйироти муҳити зист истифода шавад. Маркази ҷамъоварии маълумоти моҳвораӣ дар замин имконият медиҳад, ки вазъияти пиряхҳо ва захираҳои обӣ бештар назорат ва ҳамчунин, хатари баъзе офатҳои табиӣ саривақт муайян шавад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.