Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Гӯштингири дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар синни 38-солагӣ даргузашт
Гӯштингир Николай Ноев, ки дар ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон дар бозиҳои олимпии соли 2012 дар Лондон ширкат намуда буд, бар асари беморӣ 12-уми сентябр дар синни 38-солагӣ дар минтақаи Якутияи Федератсияи Русия даргузашт.
Дар ин бора Федератсияи гӯштини Ҷумҳурии Сахаи Русия хабар дод. Ин ниҳоди варзишӣ мегӯяд, ки ин варзишгар дар рӯзҳои ахир аз беморӣ азият мекашид ва маргаш ногаҳонӣ буд.
Николай Ноев зодаи минтақаи Якутияи Федератсияи Русия буд. Ӯ солҳои охир дар зодгоҳаш зиндагӣ мекард.
Николай Ноев дар ҳайати мунтахаби Тоҷикистон дар Бозиҳои Олимпии соли 2012 ширкат намуда, Тоҷикистонро муаррифӣ кардааст. Дар Бозиҳои Олимпии соли 2012 Николай Ноев дар марҳилаи ҳаштякфинал аз ҷониби рақибаш шикаст хӯрд ва аз идомаи мусобиқа боз монд.
Тибқи иттилои расонаҳои Русия Николай Ноев дар давоми фаъолиятҳои варзишӣ соҳиби ҷоизаи Иван Яригин шудааст. Ҳамчунин, Николай Ноев дар чемпионатҳои ҷаҳон ва Осиё низ ширкат намудааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”