Эрон: гузоришҳои расонаҳои Ғарб дар бораи музокирот бо Амрико дурӯғанд
Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”
Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод
Карлос Пратес: "То чемпион нашавам, намемирам"
Бонки рушди Авруосиё: Иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 8,3 фоиз рушд мекунад
Бар асоси пешбинии Бонки рушди Авруосиё иқтисоди Тоҷикистон дар соли 2026 тақрибан 8,3 фоиз рушд хоҳад кард.
Дар ин хусус Бонки рушди Авруосиё гузориш нашр намуда, зикр кардааст, ки афзоиши сармоягузорӣ, бо зиёд шудани талаботи дохилӣ ва афзоиши ҳаҷми тиҷорати хориҷӣ яке аз омилҳои асосии рушди иқтисоди Тоҷикистон аст.
Тибқи таҳлил ва арзёбии Бонки рушди Авруосиё Тоҷикистон дар соли 2026 дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ нишондиҳандаи баландтари рушди иқтисодиро дорад. Зикр мешавад, ки Қирғизистон аз миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ бо 9 фоизи рушд ҷойи аз ҳама болоро дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ касб намудааст. Дар ин гузориш зикр мешавад, Ӯзбекистон 7 фоиз, Туркманистон 6 фоиз ва Қазоқистон 5 фоиз рушди иқтисодӣ хоҳанд дошт.
Дар ҳамин ҳол, иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ дар нимсолаи нахустини соли 2026, дар маҷмуъ тақрибан 6 фоиз рушд кардааст.
Бар асоси ин гузориш, яке аз тағйиротҳои муҳим дар иқтисоди Тоҷикистон афзоиши назарраси содирот будааст. Гуфта мешавад, ки ҳаҷми номиналии содироти кишвар дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,4 фоиз зиёд шудааст.
Дар гузориш ҳамчунин, зикр мешавад, ки дар соли 2026 сармоягузорӣ ба фондҳои асосӣ 18,4 фоиз афзоиш ёфта, гардиши савдои чакана 31,8 фоизро ташкил додааст.
Дар ҳамин давра, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар Тоҷикистон 26 фоиз, аз ҷумла истеҳсоли маҳсулоти ғизоӣ 23,6 фоиз ва истеҳсоли маҳсулоти минералии ғайрифлизӣ 27,2 фоиз афзоиш ёфтааст.
Гузориши Бонки рушди Авруосиё нишон медиҳад, ки иқтисоди кишварҳои Осиёи Марказӣ зина ба зина дар ҳоли рушд мебошад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”