Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Муҳлати давраи сеюми бақайдгирии довталабон ба мактабҳои олӣ тамдид гардид
Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар дод, ки муҳлати давраи сеюми бақайдгирии довталабон барои иштирок дар имтиҳонҳои марказонидаи дохилшавӣ ба муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон (ИМД) 15-уми сентябр тамдид карда шуд.
Манбаъ дар сомонаи расмии худ навиштааст, ки сабаби тамдиди муҳлат зиёд будани шумораи хоҳишмандон дар нуқтаҳои бақайдгирӣ мебошад.
Гуфта мешавад, ки барои бақайдгирии давраи сеюми ИМД дар баъзе аз муассисаҳои таълимии таҳсилоти миёна ва олии касбӣ ҷойҳои иловагии холӣ эълон шудааст, ки рӯйхатошон дар сомонаи Маркази миллии тестӣ гузошта шудааст.
Иттилоъ дода мешавад, ки реҷаи кор дар нуқтаҳои бақайдгирӣ аз соати 08:00 то 17:00 муқаррар шуда, довталабон метавонанд рӯйхати нуқтаҳои бақайдгириро дар сомонаи марказ пайдо кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”