Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
БРИКС “ғул”-и иқтисодиро ба ҳам меорад. Осиёи Марказӣ аз БРИКС чӣ мехоҳад?
Имсол нишасти сарони кишварҳои узви БРИКС дар Деҳлии нав баргузор шуд. Дар ин нишаст ду кишвари Осиёи Марказӣ - Ӯзбекистон ва Қазоқистон ширкат карданд.
Гуфта мешавад, ҳадафи кишвараҳои Осиёи Марказӣ аз наздикӣ бо БРИКС ҷалби сармоя, рушди роҳҳои нақлиётӣ ва дастрасӣ ба бозорҳо мебошад.
Расонаҳои ҳиндӣ иттилоъ медиҳанд, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳоло ба дунболи ҷалби сармоя, рушди роҳҳои нақлиётӣ ва дастрасӣ ба бозорҳои наванд, аммо аз узвияти комил дар ин созмон худдорӣ мекунанд.
Қазоқистон ва Ӯзбекистон аз соли 2025 мақоми кишварҳои шарики ин созмонро доранд ва аз ҷумлаи кишварҳое мебошанд, ки роҳбаронашон дар ин ҳамоиш ширкат хоҳанд кард.
Як таҳлилгари ҳиндӣ дар пасманзари гирди ҳам омадани ғулҳои иқтисодӣ дар зери чатри БРИКС навишт, ки таваҷҷуҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ ба БРИКС қабл аз ҳама, ба манфиати иқтисодӣ вобаста хоҳад буд. Тибқи таҳлили ӯ, кишварҳои минтақа намехоҳанд худро ба як маркази қудрат вобаста кунанд ва кӯшиш доранд, ҳамзамон бо Русия, Чин, кишварҳои ғарбӣ, Туркия, Ҳиндустон ва кишварҳои Халиҷи Форс муносибат дошта бошанд.
Гуфта мешавад, барои кишварҳои Осиёи Марказӣ, ки ба баҳр роҳи мустақим надоранд, пайдо намудани бозорҳои нав ва роҳҳои алтернативии тиҷорат аҳамияти зиёд дорад. Созмони БРИКС метавонад барои кишварҳои Осиёи Марказӣ густариши робитаҳои иқтисодӣ бо Чин, Ҳиндустон, Русия ва дигар кишварҳои узви созмонро фароҳам кунад.
Кишвари Ӯзбекистон дар ин самт нисбат ба дигар кишварҳои минтақа қадами бештар гузоштааст. Ин кишвар ба Бонки нави рушди БРИКС шомил шуда, нахустин саҳмдори ин ниҳоди молиявӣ дар Осиёи Марказӣ мебошад.
Ин бонк метавонад барои маблағгузории лоиҳаҳои бузурги инфрасохторӣ, аз ҷумла дар соҳаи обёрӣ, энергетика, нақлиёт ва истихроҷи маъдан сарчашмаи иловагии сармоягузорӣ бошад.
Дар нишасти Ҳиндустон рушди нақлиёт яке аз масъалаҳои калидӣ барои кишварҳои минтақа мебошад. Онҳо мехоҳанд аз роҳҳои транзитии нав истифода кунанд, то молҳо бидуни вобастагии зиёд ба як кишвари муайян ба бозорҳои ҷаҳонӣ расонда шавад.
Вобаста ба ин “долони миёна” мавқеи муҳим пайдо намудааст. Ин роҳи нақлиётӣ Чинро ба воситаи баҳри Каспий ба кишварҳои Қафқози Ҷанубӣ ва Туркия ба Аврупо мепайвандад.
Ҷанг дар кишвари Украина ва таҳримҳои вобаста ба Русия таваҷҷуҳро ба чунин роҳҳои алтернативӣ бештар намудааст. Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ диверсификатсияи роҳҳо ба интиқоли мол метавонад хатари вобастагӣ аз як масири транзитиро коҳиш диҳад.
Кишварҳое, ки рӯ ба созмони БРИКС доранд, аз ин созмон фақат сармоягузорӣ ва рушди роҳҳои транзитии тиҷоратиро интизор нестанд, балки онҳо аз ин созмон дастрасӣ ба технологияҳои нав, руши иқтисоди рақамӣ ва ҷалби сармоя барои энергетикаи таҷдидшавандаро мехоҳанд.
Масъалаҳои истифодаи оқилонаи захираҳои об, мубориза бо биёбоншавӣ ва мутобиқ шудан ба тағйирёбии иқлим низ барои кишварҳои узви созмони мазкур масъалаи муҳим мебошад.
Кишвари Ӯзбекистон ба ҳамкории рақамӣ ва мувофиқ сохтани стандартҳои саноатӣ таваҷҷуҳ нишон медиҳад, ки метавонад содироти маҳсулоти ин кишвар ба бозорҳои хориҷиро осонтар намояд.
Барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамкорӣ бо БРИКС маънои рӯ овардан ба як блоги сиёсӣ ва дур шудан аз Аврупоро надорад. Баръакс, кишварҳои минтақа мехоҳанд БРИКС - ро ба ҳайси яке аз абзорҳои сиёсати хориҷӣ истифода баранд. Дар баробари ҳамкорӣ, ин кишварҳо муносибатҳояшон бо Иттиҳоди Аврупо, Иёлоти Муттаҳида, Туркия, кишварҳои Халиҷи Форс ва дигар шариконро идома медиҳанд. Таҳлилгарони ҳиндӣ ба ин андешаанд, ки чунин муносибат ба кишварҳои минтақа имкон медиҳад, ки дар шароити тағйир ёфтани низоми байналмилалӣ имкониятҳои бештар дошта бошанд.
Бо ин далел, мақоми шарикӣ барои ин кишварҳо метавонад нисбат ба узвияти комил муносибтар бошад. Онҳо метавонанд дар мулоқот ва барномаҳои БРИКС ширкат намуда, аз имкониятҳои иқтисодии ин созмон истифода кунанд ва ҳамзамон озодии интихоби сиёсати хориҷии худро ҳифз намоянд.
Гуфтан ба маврид аст, ки таваҷҷуҳи Осиёи Марказӣ ба БРИКС бештар ба иқтисод, сармоягузорӣ, нақлиёт, технология ва рушди устувор равона шудааст. Кишварҳои минтақа мехоҳанд робитаҳои худро бо қудратҳои мухталиф густариш диҳанд, вале аз вобастагии пурра ба ҳар як гурӯҳ ё давлат худдорӣ кунанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”