Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Медведов: “Агар ҷанг сар шавад, Литва аз саҳнаи ҷаҳон маҳв мешавад”
Дмитрий Медведов, муовини раиси Шурои амнияти Русия дар бораи паёмадҳои эҳтимолии даргирии низомӣ бо Литва гуфт, ки дар чунин ҳолат ин кишвари узви НАТО метавонад “аз харитаи ҷаҳон” маҳв шавад.
Муовини раиси Шурои амнияти Русия ин изҳоротро дар пасманзари баҳсҳо дар хусуси ҷойгир намудани силоҳи атомӣ дар Литва баён кард. Ӯ гуфт, агар дар Литва силоҳи атомӣ ҷойгир шавад, Русия ба он вокуниш нишон хоҳад дод ва НАТО барои ҳимояти Вилнюс вориди ҷанги мустақим бо Маскав нахоҳад шуд.
Изҳороти Дмитрий Медведов дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки муносибати Маскав бо кишварҳои узви НАТО, бахусус кишварҳои соҳили Балтика рӯз аз рӯз пур аз таниш мешавад. Литва аз ҷумлаи кишварҳоест, ки Украинаро ҳимояти густурдаи сиёсӣ ва низомӣ мекунад.
Ин мақоми рус дар бораи ҷанги Украина ва Русия гуфт, Русия бояд амалиёти низомии худро то расидан ба ҳадафҳои эълоншуда идома диҳад. Ӯ мақомоти Киевро низ мавриди интиқод қарор дод.
Дмитрий Медведов дар бахши дигари суханонаш гуфт, сафарбар кардани неруҳои нав дар Русия асос надорад. Ба гуфтаи ӯ, ин хабарҳо “иғвоангезӣ” буда, чунин ҳарфҳо метавонанд барои таъсир гузоштан ба афкори ҷомеа, қабл аз интихоботи Думаи давлатӣ, расонаӣ шаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”