27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
14.09.2026 08:51

107 варзишгари тоҷик барои ширкат дар бозиҳои осиёӣ ба Ҷопон рафтанд

Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ширкат дар Бозиҳои XX-и осиёӣ, ки охири моҳи сентябр дар Ҷопон баргузор мешавад, як ҳайати 187 нафара фиристод.  Дар миёни ин ҳайат 107 варзишгар бо рақибони худ рақобат хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ки гурӯҳи варзишии Тоҷикистон барои ба даст овардани медал дар 22 навъи варзиш рақобат мекунанд.

Тибқи иттилоъ, бозиҳои осиёӣ аз 19-уми сентябр то 4-уми октябр дар шаҳрҳои Нагоя ва Айчӣ баргузор мешавад. Ин бозӣ яке аз муҳимтарин мусобиқаҳои варзишии қитъаи Осиё ба шумор меравад.

Дар вақти гусели варзишгарони тоҷик ба мусобиқаи варзишӣ, муовини Сарвазир Дилрабо Мансурӣ таъкид намуд, ки ширкат дар ин мусобиқа фақат ба хотири ба даст овардани медал нест. Ӯ зикр кард, ки варзишгарон  бояд фарҳанг ва арзишҳои миллии Тоҷикистонро муаррифӣ кунанд

Зулфиқор Гулмаҳмадзода, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуд, ки натиҷаи баромади варзишгарон аз омодагии онҳо, кори мураббиён ва масъулияти худи варзишгарон вобаста мебошад.

Муштзани тоҷик Мижгона Самадова дар ин бозиҳо парчамбардори ҳайати Тоҷикистон хоҳад буд.

Дар соли 2022, дар бозиҳои осиёӣ, ки дар шаҳри Ханҷоуи Чин доир гардид, кишвари Тоҷикистон дар риштаи ҷудо се медал- тилло, нуқра ва биринҷиро ба даст оварда буд.

Дар бозиҳои гузаштаи осиёӣ Сомон Маҳмадбеков сазовори ҷои аввал, Темур  Раҳимов сазовори ҷойи дуюм ва Беҳрӯз Хоҷазода сазовори ҷойи сеюм шуданд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.