27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
14.09.2026 10:38

Дар Сеул нахустин саммити кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ баргузор мегардад

Рӯзи 16-уми сентябр дар шаҳри Сеул, пойтахти Кореяи Ҷанубӣ нахустин мулоқоти сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ бо Президенти Кореяи Ҷанубӣ дар доираи саммити Осиёи Марказӣ + Кореяи Ҷанубӣ баргузор мешавад.

Президентҳои Осиёи Марказӣ дар саммити зикршуда ширкат намуда, доираи ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо Кореяи Ҷанубиро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод.

Тибқи иттилои расонаҳои кореягӣ, яке аз масъалаҳои муҳимми саммит пайдо кардани роҳҳои нави таъмини захираҳои стратегӣ мебошад. Кореяи Ҷанубӣ нақша дорад, ки  дар бахши захираҳои табиӣ ва энергетикии Осиёи Марказӣ сармоягузорӣ кунад.

Таъкид мешавад, ки музокироти сарони кишварҳо фақат бо захираҳои табиӣ ва энергетикӣ маҳдуд намешавад. Сарони кишварҳо масъалаи истифодаи технологияҳои муосири истеҳсоли Корея дар бахшҳои муҳимро мавриди баррасӣ қарор медиҳанд.

“Сарони кишварҳо ҳамчунин, дар хусуси ҳуши маснуъӣ, илму технология ва иқтисоди рақамӣ суҳбат мекунанд. Сеул умедвор аст, ки ин ҳамкориҳо барои ширкатҳои кореягӣ имкони бештар фароҳам меоранд, то ба бозорҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд” - менависад “Aju Press”.

Мавзуи тағйирёбии иқлим, идоракунии захираҳои об, муқовимат ба офатҳои табиӣ ва ҷинояткории фаромиллӣ низ яке аз масъалаҳои муҳимми рӯзномаи нишаст хоҳанд буд.

Ли Чже Мён, президенти Кореяи Ҷанубӣ дар ҳошияи нишаст бо сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқоти дуҷониба анҷом дода, масоили вобаста ба ҳамкориҳои дуҷонибаро мавриди баррасӣ қарор хоҳанд дод. Мулоқоти нахустини президенти Кореяи Ҷанубӣ рӯзи душанбе, бо Президенти Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев сурат хоҳад гирифт.

“Интизор меравад, ки тақрибан 500 намояндаи ҳукумат ва бахши хусусӣ дар форуми тиҷоратии ҳамзамон бо саммит ширкат намуда, имкониятҳои сармоягузорӣ ва роҳҳои ташкили робитаҳои нави тиҷоратиро баррасӣ кунанд” - хабар медиҳанд расонаҳои кореягӣ.

Ҳамчунин, дар меҳвари музокироти сарони Осиёи Марказӣ ва Кореяи Ҷанубӣ масъалаҳои иқтисодӣ қарор хоҳад гирифт. Ҷонибҳо ният доранд роҳҳои афзоиши тиҷорат, ҷалби сармоя, густариши ҳамкориҳо дар соҳаи энергетика, истифодаи захираҳои маъданро баррасӣ намоянд.

Президенти Кореяи Ҷанубӣ таъкид намуд, ки нишасти сарони Сеул метавонад муносибатҳои Кореяи Ҷанубӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиро ба марҳилаи нави ҳамкорҳои бисёрҷониба ворид кунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.