Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Русия дар СММ: таҳдидҳои гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон аз байн нарафтааст
Намояндаи Русия дар Созмони Милали Муттаҳид гуфт, ки таҳдидҳои амниятӣ дар Афғонистон аз миён нарафтааст. Ӯ бо ишора ба фаъолияти шохаи хуросонии ДОИШ таъкид кард, ки он ба сифати таҳдидҳои асосии амниятӣ дар Афғонистон ва минтақа боқӣ мемонад.
Василий Небензя, намояндаи доимии Русия дар СММ дар ҷаласаи Шурои амнияти ин созмон аз ин мушкилоти амниятии Афғонистон ёдовар шуд.
Намояндаи Русия таъкид кард, гурӯҳҳои террористӣ на фақат фаъолияти худро идома медиҳанд, балки усулҳои худро бо шароит мутобиқ намуда, фаъолияти худро дар минтақаҳои мухталиф густариш медиҳанд. Василий Небензя гуфт, “Давлати Исломӣ” ва гурӯҳҳои вобаста ба он дар қисматҳои Осиёи Ғарбӣ фаъол боқӣ мондаанд ва ҳузури худро дар баъзе кишварҳои Африқо афзоиш медиҳанд.
“Шохаи хуросонии ДОИШ ҳамоно барои Афғонистон таҳдиди ҷиддӣ ба ҳисоб меравад” - зикр кард намояндаи Русия.
Василий Небензя аз фаъолияти ҷангҷӯёни хориҷӣ дар хоки Афғонистон ёдовар шуда, афзуд, ки таҷрибаи ҷангӣ метавонад аз як минтақа ба минтақаҳои дигар интиқол ёбад ва ин омили хатари паҳншавии терроризмро бештар кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”