Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Доро Наҷот, Шоири халқии Тоҷикистон даргузашт
Шоири халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ Доро Наҷот дар 80-солагӣ даргузашт.
Доро Наҷот 4-уми майи соли 1946 дар деҳаи Урметани ноҳияи Айнӣ таваллуд шудааст. Соли 1978 дар рӯзномаи «Тоҷикистони Советӣ» («Ҷумҳурият») ба сифати хабарнигор ба кор шурӯъ карда, то соли 1991 дар вазифаҳои гуногун фаъолият намудааст. Моҳи марти соли 1991 сардабири «Сомон» – ҳафтаномаи Бунёди байналмилалии забони форсии тоҷикӣ таъин шуда, баъдан то нафақа баромадан корманди Сафорати Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Муаллифи маҷмӯаҳои шеърии «Соҳиби кӯҳсор» (1979), «Шабнам» (1983), «Дарав» (1986), «Хирмани Маҳтоб» (1989), «Тулӯъе дар ғуруб» (1998), «Меоям аз шигифт» (2013) ва ғайраҳост.
Доро Наҷот соли 2012 барои китоби ашъори «Меоям аз шигифт» сазовори Ҷоизаи давлатии ба номи Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ гардидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”