Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Боздошти се ҷавоне, ки ба ноболиғон тамоку мефурӯхтанд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз боздошти се ҷавоне хабар дод, ки ба ноболиғон тамоку мефурӯхтанд.
Манбаъ навиштааст, ки кормандони Шуъбаи кофтукови ҷиноятии Раёсати ВКД дар шаҳри Душанбе зимни фурӯши маҳсулоти тамоку ба ноболиғон шаҳрвандон Ашуров Муҳаммад, Ҷабборов Саидо ва Сафаров Субҳониддин, сокинони шаҳри Душанберо дастгир намуданд.
Гуфта мешавад, ки номбурдагон дар «Маркази савдои Тоҷикистон» (ЦУМ) дӯконеро ба иҷора гирифта, бе гирифтани шаҳодатномаи соҳибкорӣ ба фурӯши маҳсулоти тамоку ва чилимҳои электронӣ машғул шуда, бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ дидаву дониста ба ноболиғон фурӯхтаанд.
Дар иттилоия омадааст, ки вобаста ба ҳолати мазкур нисбат ба номбурдагон бо моддаи 463 иловаи 2 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, маҳсулоти тамокӯ мусодира карда шуданд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”