Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» дар Вазорати фарҳанг рӯнамоӣ шуд
Дар Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯнамоии китоби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо номи «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» баргузор гардид.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад, китоби мазкур дар Ҷумҳурии Исломии Эрон бо хати ниёгон ба нашр расида, ба яке аз мавзуъҳои муҳими таъриху фарҳанги миллӣ – шинохт ва омӯзиши тамаддуни ориёӣ, таърихи кӯҳан ва саҳми ниёгони тоҷикон дар ташаккул ва рушди тамаддуни ҷаҳонӣ бахшида шудааст.
Манбаъ навиштааст, ки дар рӯнамоии китоб намояндагони аҳли илму адаб, олимону муҳаққиқон, таърихшиносон, пажӯҳишгарон, мутахассисони соҳаи фарҳанг, зиёиён ва намояндагони васоити ахбори омма иштирок намуданд.
“Зимни чорабинӣ таъкид гардид, ки асарҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти омӯзишу муаррифии таърихи пурифтихори миллати тоҷик, эҳёи арзишҳои миллӣ, ҳифзи мероси фарҳангӣ ва муаррифии тамаддуни тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ аҳаммияти хосса доранд”, - зикр мегардад дар иттилоия.
Гуфта мешавад, ки нашри китоби «Ориёиҳо ва шинохти тамаддуни ориёӣ» бо хати ниёгон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар таҳкими робитаҳои фарҳангиву илмии миёни кишварҳои ҳамзабон ва муаррифии арзишҳои таърихию фарҳангии миллати тоҷик заминаи муҳим фароҳам меорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”