27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
11.09.2026 15:18

«Аз Эрон дур шавед»: Паёми таҳримии Амрико ба кишварҳои Осиёи Марказӣ

Бархе расонаҳои амрикоӣ навиштаанд, ки ҳукумати Доналд Трамп ба як қатор кишварҳои Осиёи Марказӣ паёми дипломатӣ фиристода, ҳушдор додааст, ки аз таҳримҳои дар муқобили Эрон пайравӣ кунанд. Амрико ҳушдор додааст, ки дар сурати пайравӣ накардан аз сиёсати Вашингтон бо таҳримҳо рӯ ба рӯ хоҳанд шуд. Ин иддаои расонаҳои амрикоӣ ҳанӯз расман тасдиқ нашудааст.

Ин дархости Амрико дар ҳоле матраҳ мешавад, ки бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ дар пайи боз кардани дарвозаҳо ба сӯйи роҳҳои обии байналмилалӣ аз тариқи Эрон мебошанд. Чунин ба назар мерасад, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ барои боз кардани роҳ ба сӯйи бандарҳои обӣ робитаҳои худ бо кишвари Эронр тақвият медиҳанд.

Яке аз роҳҳои мавриди таваҷҷуҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ Бандари Чобаҳори Эрон аст, ки феълан дар зери таҳримҳои Амрико қарор дорад. Ин бандар аз ҷониб Эрон ва Ҳинд бояд бозсозӣ шуда, инфрасохтори тиҷоратӣ дар он бунёд шавад. Амрико, ки феълан бо Ҳинд равобити дӯстонаи тиҷоратӣ дорад, сармоягузорӣ дар ин бандарро манъ кардааст.

Эрон бар хилофи Ҳинд аз кишварҳои Осиёи Марказӣ даъват намудааст, ки барои роҳ ёфтан ба роҳҳои байналмилалии обӣ дар ин бандар сармоягузорӣ кунанд.

Бандари Чобаҳор дар ин шабу рӯз дар сархати расонаҳои амрикоӣ қарор гирифтааст. Бархе расонаҳои амрикоӣ навиштанд, ки Эрон дар ин бандар бархе таҳаррукоти низомӣ анҷом медиҳад.

Дар пасманзари таҳримҳои шадиди Амрико бар зидди Эрон кишварҳои Осиёи Марказӣ дар дуроҳа қарор гирифтаанд: ин дуроҳа ба ин маъност, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ё ба таҳдидҳои Амрико бояд тан диҳанд ва ё ин ки сиёсати мустақилонаро дар қиболи таҳдидҳои Амрико пиёда намоянд.

Амрико бо бархе шарикони тиҷоратии Эрон муносибати дигар дорад. Покистон, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳинд дар бархе мавридҳо аз таҳримҳои Амрико озод мебошанд. Муҳимтарин фишанги Амрико бар зидди кишварҳое, ки аз он пайравӣ намекунанд, қатъ кардани ҳамкориҳои бонкӣ ё блок намудани пулҳои ин кишварҳо мебошад.

Доналд Трамп таҳримҳои шадидтаре нисбат ба Эрон ҷорӣ намудааст. Дар пасманзари ин таҳримҳо, бархе кишварҳо бо Эрон робитаҳои тиҷоратии худро бо эҳтиёт ба роҳ мондаанд. Эрон ба ин назар аст, ки робитаҳои тиҷоратии кишварҳо бояд мустақилона пайрезӣ шавад ва пайравӣ аз таҳримҳои золимонаи Амрико ба сӯйи ҳеҷ кишвар бояд амалӣ нашавад.

Чобаҳор минтақае дар Эрон аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ мехоҳанд аз ин тариқ ба уқёнуси Ҳинд ва бархе кишварҳои пайваста ба ин бандар роҳ ёбанд. Ин бандар на фақат кишварҳои Осиёи Марказиро бо кишварҳои Халиҷи Форс мепайвандад, балки муносибтарин роҳ барои роҳ ёфтан ба роҳҳои баҳрии ҷаҳон мебошад.

Ду иқтисоди бузурги минтақа, яке Ҳиндустон ва дигаре Чин дар талоши он мебошанд, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ робитаҳои тиҷоратии худро тақвият диҳанд.

Рӯзномаи “Известия”, ки дар Русия нашр мешавад, дар як матлаб таъкид мекунад, ки Вашингтон бо таҳдиди таҳримҳои дуюмдараҷа мехоҳад кишварҳои Осиёи Марказиро водор кунад, миёни ҳамкорӣ бо Эрон ва дастрасӣ ба низоми молии Амрико якеро интихоб намояд.

Ин рӯзнома менависад, “барои ҷумҳуриҳои минтақа ин масъала фақат ба ҳаҷми савдо маҳдуд намешавад, балки Эрон яке аз роҳҳои муҳимми баромаи онҳо ба бандарҳои Халиҷи Форс ва бозорҳои Осиёи Ҷанубӣ ба шумор меравад. Ҳукумати Доналд Трамп фишори иқтисодиро бар зидди Эрон афзоиш дода, аз шарикони Теҳрон талаб мекунад, ки муносибатҳои тиҷоратӣ ва молиявии худ бо ин кишварро бозбинӣ кунанд”.

Тибқи гузориши расонаҳои амрикоӣ, Марко Рубио, вазири корҳои хориҷии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба сафоратхонаҳои Амрико супориш дод, ки ба ҳукуматҳои як қатор кишварҳо эътирози расмии худро расонанд. Дар ин дастури Марко Рубио талаб карда мешавад, ки тиҷорат бо Эронро қатъ намоянд, ширкатҳои вобаста ба Теҳронро муайян ва фаъолияти бонкҳои “миллӣ” ва “содирот” - и ин кишварро маҳдуд созанд.

Гуфт мешавад, барои кишварҳое, ки ин талаботро иҷро намекунанд, эҳтимолан ҷорӣ шудани таҳримҳо ва маҳдуд шудани дастрасии онҳо ба низоми пулии байналмилалии “доллар” вуҷуд дорад. Тибқи иттилои расонаҳо, ин дастур ба намояндагии дипломатии Амрико дар кишварҳои Осиёи Марказӣ низ ирсол шудааст. Расонаҳои амрикоӣ номи кишварҳоро дақиқ зикр накардаанд, аммо аз рӯи сатҳи робитаҳои тиҷоратӣ ҳадс задан мумкин аст, ки пеш аз ҳама Амрико, Қазоқистон ва Ӯзбекистонро дар назар дорад. Аз рӯи хабарҳои расмӣ Ӯзбекистон ва Қазоқистон бар хилофи кишварҳои узви Созмони ҳамкории Шанхай робитаҳои тиҷоратиро бо Эрон густариш медиҳанд.

Як нукта мушаххас аст, ки то ҳанӯз кишварҳои Осиёи Марказӣ ба дастури Вазорати корҳои хориҷии Амрико вокуниши расмӣ нишон надоданд ва робитаҳои тиҷоративу сиёсии худро бо Эрон тақвият медиҳанд. Сарони кишварҳои Осиёи Марказӣ хоҳони ҳалли дипломатии ҷанги Амрикову Эрон мебошанд ва бар ин боваранд, ки дигар замони якҷонибагароӣ ба итмом расидааст.

Бар асоси таҳлилҳои расонаҳои русӣ, Қазоқистон ва Ӯзбекистон тайи солҳои ахир дар талоши онанд, ки муносибатҳои худро бо Теҳрон густариш диҳанд, бинобар ин, қабули қарори қатъи равобити иқтисодӣ бо Эрон осон нахоҳад буд. Дар пасманзари ин, Доналд Трамп президентҳои Қазоқистон ва Ӯзбекистонро ба нишасти “G20” ба Майами даъват кард.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ робитаҳои тиҷоратӣ ва фарҳангии худ бо Эронро густариш медиҳад. Туркманистон аз ҷумлаи кишварҳоест, ки дар ин маврид аз вокунишҳои шадиди сиёсӣ парҳез мекунад ва бо Эрон ҳамсарҳад мебошад. Қирғизистон эҳтимолан дар ин масъала озодтар амал мекунад, зеро қаблан низ қарорҳои Амрикоро ғайривоқеъбинона тавсиф карда буд.

“Ин нигарониҳо дар ҳолест, ки ҳаҷми тиҷорати Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ чандон бузург нест. Бар асоси омори соли 2024 ҳаҷми тиҷорати Эрон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ тақрибан 1,9 миллиард доллар мебошад. Як нуктаи дигар ин аст, ки аҳамияти Эрон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аз рақамҳои саво бештар мебошад”- зикр мекунад рӯзномаи Известия.

Эрон бо мавқеияти географии худ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ имкони роҳ ёфтан ба бандарҳои бузурги обии ҷаҳонро медиҳад ва ин кор вобастагии ин кишвараҳо ба роҳҳои Русия ва Чинро коҳиш медиҳад.

Тибқи иттилои бархе расонаҳо, Туркманистон яке аз наздиктарин шарикони иқтисодии Эрон дар минтақа ба шумор меравад. Ҳаҷми гардиши тиҷоратии ду кишвар тақрибан 600 миллион доллар арзёбӣ мешавад. Маҳсулоти ғизоӣ ва нассоҷӣ, маводи нафту кимиё ва масолеҳи сохтмонӣ, аз ҷумлаи маҳсулоти асосии тиҷорати дуҷониба аст. Як бахши муҳимми тиҷорати Эрон ва Туркманистон ҳамкориҳо дар бахши газ мебошад. Тибқи иттилои бархе расонаҳо, дар соли 2024 Ашқобод ва Теҳрон ба созиш расиданд, ки то 10 миллиард метри мукааб гази Туркманистон дар як сол ба воситаи қаламрави Эрон ба Ироқ интиқол дода шавад. Дар соли 2025 низ механизми интиқоли гази Туркманистон ба Туркия ба қаламрави Эрон баррасӣ шуд. Бо ин далел, маҳдуд шудани ҳамкорӣ бо Эрон метавонад нақшаҳои Ашқобод барои ёфтани бозори нави газ ва коҳиш додани вобастагӣ аз Чинро мушкил намояд.

Рӯзномаи “Известия” дар таҳлили худ навишт, ки “Туркманистон метавонад чунин интиқолҳоро ба ҳайси транзити техникӣ шарҳ диҳад, вале таҳрмҳои ИМА метавонанд на фақат тиҷорат, балки хизматрасониҳои нақлиётӣ ва молиявии вобаста ба онро низ фаро гиранд”.

Тибқи иттилои расонаҳои русӣ, ҳамкориҳои иқтисодии Ӯзбекистон бо Эрон низ фақат ба ҳаҷми савдои дуҷониба маҳдуд намешавад. Ҳаҷми гардиши тиҷоратии ду кишвар дар соли 2024 тақрибан 5000 миллион доллар ва соли 2025 579 миллион доллар будааст.

Ҷойгоҳи транзитии Эрон барои кишварҳои Осиёи Марказӣ аҳамияти муҳим дорад. Дар соли 2025 ба воситаи қаламрави Эрон ба Ӯзбекистон дар ҳаҷми 3,9 миллиард доллар мол ворид шудааст. Ин тақрибан 9 фоизи воридоти ин кишварро ташкил медиҳад. Аз ин рӯ, маҳдуд намудани роҳи Эрон метавонад барои шаҳри Тошканд аз коҳиши савдои мустақим бо Теҳрон бештар зарар дошта бошад.

“Ҳатто дар шароити идомаи ҳамлаҳо ба қаламрави Эрон, роҳи ҷанубӣ ҳанӯз фаъол буда, ба Ӯзбекистон имкони баромад ба бандарҳои Халиҷи Форс ва бозорҳои Ҳиндустону Ховари Миёнаро медиҳад”- таъкид мекунад рӯзномаи “Известия”.

Яке аз масъалаҳои муҳимме, ки кишварҳои Осиёи Марказиро нигарон намудааст, ин низоми бонкии байналмилалӣ аст. Эҳтимоли зиёд вуҷуд дорад, ки Амрико аз ин роҳ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ фишор ворид кунад. Бастани низоми бонкии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба иқтисоди ин кишварҳо метавонад осеби ҷиддӣ ворид кунад. Аз ин ҷиҳат, бархе кишварҳои Осиёи Марказӣ рискро дар муносибат бо Эрон шояд қабул накунанд.

Бо вуҷуди таҳримҳои шадиди Эрон, бархе бонкҳои ин кишвар, дар кишварҳои Осиёи Марказӣ фаъолият мекунанд. Дар Ӯзбекистон Бонки содироти Эрон фаъолият дорад ва бар асоси иттилооти нашршуда, ин бонк то моҳи сентябр аз ҷониби Бонк марказии Ӯзбекистон иҷозаи фаъолият дошт. Бо ин далел, қарорҳои нави молиявии Вашингтон метавонад, пеш аз ҳама ба Тошканд таъсир гузорад.

Таҳримҳои нави Амрико бар зидди Эрон дар ҳоле эълом мешавад, ки дар ин шабу рӯз Тоҷикистон барои дарёфти сӯзишвории Эрон қарордодҳои нав ба имзо мерасонад. Бо ин ва чанд далели дигар барои Тоҷикистон робита бо Эрон аҳамияти бештар пайдо кардааст.

Бар асоси омор, ҳаҷми савдои Тоҷикистону Эрон дар соли 2024 ба 377, 7 миллион доллар баробар аст. Ҳаҷми воридот аз Эрон ба Тоҷикистон ду баробар аз содироти Тоҷикистон зиёд аст. Дар соли 2025 ҳаҷми тиҷорати миёни Эрон ва Тоҷикистон афзоиш ёфта, ба 438 миллион доллар расид ва Эрон ба панҷгонаи шарикони бузурги тиҷоратии Тоҷикистон ворид шуд.

Тибқи навиштаи “Известия” “Душанбе ба масъалаи воридоти сӯзишворӣ низ таваҷҷуҳ зоҳир мекунад. 15-уми августи соли 2026 Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазири нақлиёти Тоҷикистон дар Теҳрон масъалаҳои хариди маҳсулоти нафтӣ бо нархҳои имтиёзнок ва таъмини корхонаҳои коркарди нафтии Тоҷикистон бо ашёи хоми нафтиро баррасӣ карданд.

Далер Ҷумъа, вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон афзоиши воридоти сӯзишвориро яке аз самтҳои афзалиятнок номида буд. Бо вуҷуд ин то ҳол шартномаи ниҳоӣ бо нишон додани ҳаҷм ва нархи дақиқи таъминот ба имзо нарасидаааст”.

Тибқи таҳлили таҳлилгарони рус барои Тоҷикистон ҳамкорӣ бо Эрон метавонад ду ҳадафи муҳим дошта бошад: яке, дастрасӣ ба сӯзишвории арзон ва дигар пайдо намудани роҳи ҷанубӣ барои тиҷорат. Аммо коршиносон нигарони онанд, ки хатари таҳримҳои эҳтимолии Амрико бар зидди бонкҳои Тоҷикистон метавонад фоидаи иқтисодии чунин ҳамкориҳоро коҳиш диҳад.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки Қазоқистон низ аз густариши фишори Амрико ба Эрон метавонад зарар бинад, ҳарчанд вобастагии иқтисодии он ба бозори Эрон нисбатан камтар мебошад. Тибқи омор, ҳаҷми савдои Қазоқистон ва Эрон дар соли 2024 тақрибан 340 миллион доллар ва соли 2025 ҳудуди 430 миллион долларо ташкил медиҳад.

Эрон барои содиркунандагони ғаллаи қазоқӣ бозори муҳим аст ва ҳамзамон дар рушди масири роҳи оҳан ба самти Халиҷи Форс нақши муҳим дорад. Гуфта мешавад, ки ин роҳ бахше аз долони байналмилалии нақлиётии Шимол-Ҷануб мебошад.

“Аз ин рӯ, қатъ шудани ҳамкорӣ бо Теҳрон эҳтимол ба иқтисоди Қазоқистон зарбаи ҷиддӣ нарасонад, вале метавонад ба кишоварзон ва нақшаҳои нақлиётии Остона таъсир гузорад”- менависад “Известия”.

Бар асоси таҳлили расонаҳои русӣ дар миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ Қирғизистон аз ҳама камтар бо Эрон тиҷорат дорад. Ҳаҷми тиҷорати Қирғизистон бо Эрон дар соли 2024 ҳамагӣ тақрибан 58, 5 миллион доллар будааст.

Дар робита ба ин рӯзномаи “Известия” чунин менависад: “Бишкек метавонад бозори Эронро нисбатан осонтар иваз кунад. Бо вуҷуди ин, барои баъзе ширкатҳо ва истеҳсолкунандагони алоҳида маҳдуд шудани тиҷорат метавонад талафоти иқтисодӣ ба бор орад. Аммо барои Қазоқистон ва Қирғизистон як мушкили дигар низ вуҷуд дорад: ҳар ду кишвар узви Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё мебошанд”.

Тибқи иттилои ин расона, моҳи майи соли 2025 созишномаи тиҷорати озоди Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё бо Эрон мавриди амал қарор гирифт. Ин созишнома баръакси талаботи Вашингтон ба рушди муносибатҳои тиҷоратӣ бо Теҳрон равона шудааст. Бо ин далел, иҷрои талаботи ИМА метавонад Остона ва Бишкекро ба интихоби душвор миёни уҳдадориҳои иқтисодии худ ва талаботи Вашингтон рӯ ба рӯ кунад.

Бо ин ва дигар далелҳо, ҳадс задан мумкин аст, ки кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таври якҷониба робитаҳои худ бо Эронро наметавонанд қатъ кунанд.

Рӯзномаи “Известия” менависад, ки “қадами аввал метавонад аз ҷониби бонкҳо сурат гирад. Муассисаҳои молиявӣ эҳтимол санҷиши мизоҷон ва амалиётҳои вобаста ба Эронро сахттар намуда, аз баъзе муомилоти дорои хавфи таҳримӣ даст кашанд. Ин рӯзнома менависад, ки ҳукуматҳои минтақа метавонанд аз Вашингтон ширкатҳои мамнуъро талаб кунанд. Ҳамзамон, онҳо эҳтимол талош хоҳанд кард, ки тиҷорати вобаста ба маводи ғизоӣ, доруворӣ ва дигар молҳои муҳим идома ёбад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.