Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Президенти кишвар дар Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод 15 иншоотро ба таври фосилавӣ ифтитоҳ намуданд
Имрӯз, 11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 15 иншоотро ба таври фосилавӣ дар ноҳияҳои Рашт, Нуробод, Сангвор, Лахш ва Тоҷикобод ба истифода доданд.
Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти мамлакат иттилоъ медиҳад, дар деҳаи Қазноқи ноҳияи Рашт бинои ҷамоати деҳоти Нусратулло Махсум, осорхонаи Қаҳрамони Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва дар шаҳраки Ғарм биноҳои шуъбаи маориф ва шуъбаи муҳофиза дар минтақаи Рашт ва қасри ҷавонон мавриди истифода қарор гирифт.
Афзуда мешавад, ки дар деҳоти Меҳрободи ноҳияи Нуробод бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 12 барои 700 хонанда дар ду баст ва маркази савдо ифтитоҳ ёфт.
Дар ин росто, дар деҳоти Заршӯёни ноҳияи Сангвор меҳмонхонаи Гармчашмаи Вахё ифтитоҳ гардид.
Таъкид мегардад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи фосилавӣ бо шароит барои кору фаъолият дар бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар ноҳияи Лахш, маркази адлия, маркази таъминоти бехатарии озуқаворӣ ва бинои шабакаҳои барқ шинос шуданд.
Иттилоъ дода мешавад, ки дар ноҳияи Тоҷикобод муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 45 барои 350 хонанда дар ду баст дар маҳаллаи навбунёди Сабзазор, муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 28 дар деҳаи Полезаки деҳоти Ширинчашма барои 350 хонанда дар ду баст ва муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 44 дар деҳаи навбунёди Сафедмун барои 600 хонанда дар ду баст мавриди истифода қарор гирифт. Дар маҷмуъ бо ифтитоҳи 3 иншооти соҳаи маориф дар ноҳияи Тоҷикобод 1300 хонанда дар шароити замонавӣ ба таҳсил фаро гирифта мешаванд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”