27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
11.09.2026 15:15

Сарвари давлат дар ноҳияи Рашт Мактаби президентиро ифтитоҳ намуданд

11-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Мактаби президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияи Раштро ба истифода доданд.

Тавре ки хадамоти матбуоти Президенти кишвар иттилоъ медиҳад, бинои таълимӣ аз 33 синфхонаи муҷаҳҳаз иборат буда, барои 800 хонандаи болаёқат пешбинӣ гардидааст.

Гуфта мешавад, ки дар мактаби мазкур барои аз худ кардани илмҳои дақиқ синфхонаҳои химия, биология, физика ва озмоишгоҳҳо бо муҳимтарин дастгоҳу лавозимоти таълимӣ таҷҳизонида шудаанд, ки ин дар омӯзиши донишҳои назариявӣ ва амалии хонандагон нақши муассир мегузорад. Синфхонаҳои таълими меҳнат, омодагии ибтидоии ҳарбӣ, ҳуҷраҳои кории омӯзгорон, маҷлисгоҳ бо 400 ҷойи нишаст, ошхонаи барҳаво, толори варзиш, майдончаи варзишӣ ва дигар инфрасохтори зарурӣ ба омӯзиши касбу ҳунар, баргузории ҷамъомаду вохӯриҳо, ҷалби хонандагон ба бозиҳои футбол, волейбол ва баскетбол заминаҳои воқеӣ мегузорад.

Зикр мегардад, ки дар мактаби мазкур зиёда аз 60 омӯзгор соҳиби ҷойи кор ва маоши хуб гардиданд.

Ҳамчунин, барои бо ҷойи зист таъмин намудани хонандагони аз ноҳияҳои дигари минтақа дар назди муассиса 2 бинои алоҳидаи хобгоҳ барои духтарон ва писарон низ сохта шудааст. Хобгоҳҳо дорои шароити муосир буда, барои 350 хонанда пешбинӣ шудааст.

“Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо масъулин ва омӯзгорони муассиса дастур доданд, ки бо истифода аз шароит ва имкониятҳои фароҳамшуда дар тақвияти донишу малакаи хонандагон, омода намудани онҳо дар рӯҳияи ватандӯстӣ ва арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ таваҷҷуҳи аввалиндараҷа зоҳир намоянд”, - навиштааст манбаъ.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.