Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Доду ситади тиҷоратии Тоҷикистон ва Озарбойҷон 84 фоиз афзоиш ёфтааст
Густариши робитаҳои иқтисодӣ, нақлиётӣ ва рақамӣ дар меҳвари сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Озарбойҷон қарор гирифтааст.
Расонаҳои Озарбойҷон ба нақл аз сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон навиштаанд, ки ҳаҷми тиҷорати дуҷонибаи Тоҷикистону Озарбойҷон дар соли 2025 84 фоиз афзоиш ёфта ва ҳаҷми тиҷорати дуҷониба дар 7 моҳи соли 2026 бошад, 31 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин хусус, Илҳом Абдураҳмон, сафири Тоҷикистон дар Озарбойҷон ва Рашад Набиев, вазири рушди технология ва нақлиёти Озарбоҷон дар маросими таҷлили 35 - солагии Истиқлоли Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Намояндаи ҳукумати Озарбойҷон таъкид намуд, ки ҳамкории ду кишвар дар самти нақлиёт ва интиқоли бор сол ба сол густариш меёбад. Ӯ гуфт, дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми ҳамлу нақли транзитӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон 17 фоиз афзудааст.
«Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт ва боркашонӣ сол ба сол густариш меёбад», зикр кард вазири Озарбойҷон.
Таъкид шуд, ки Боку ва Душанбе робитаҳои худ дар бахши рушди рақамиро низ густариш медиҳанд. Рашад Набиев таъкид намуд, ки ҳоло як қатор ширкатҳои Озарбойҷон дар Тоҷикистон фаъолият намуда, хизматрасониҳои рақамии худро пешниҳод мекунанд.
Илҳом Абдураҳмон, сафири Тоҷикистон дар Озорбойҷон Бокуро яке аз шарикони муҳим ва наздики Душанбе номид ва таъкид намуд, ки муносибатҳои ду кишвар бар пояи дӯстии самимӣ қарор доранд. Ӯ зикр кард, ки яке аз марҳилаи муҳим дар рушди ин муносибатҳо имзои Эъломияи шарикии стратегӣ миёни Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар шаҳри Боку рӯзи 23-юми майи соли 2024 буд. Ин санад густариши ҳамкориҳо дар бахшҳои иқтисод, нақлиёт, фарҳанг ва робитаҳои инсониро фаро мегирад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”