Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Назорати санитарию эпидемиологии сарҳад аз тарафи Тоҷикистон ва Ӯзбекистон роҳандозӣ мешавад
Ҷумҳурии Тоҷикистону Ӯзбекистон барои густариши ҳамкориҳо дар бахши амнияти санитарию эпидемиологӣ мехоҳанд як лоиҳаи муштаракро амалӣ созанд.
Таъкид мешавад, ки ҳадафи ин лоиҳа коҳиш додани хатари паҳншавии бемориҳои сироятӣ ва беҳтар шудани ҳамкорҳои иттилоотӣ дар миёни ду ниҳоди кишвар аст.
Ин лоиҳа дар гузаргоҳи сарҳадии «Ойбек – Фотеҳобод» омалӣ хоҳад шуд.
Аз ҳоло барои иҷро шудани ин лоиҳа гурӯҳи кории байнисоҳавӣ таъсис медиҳанд. Ҳадафи ин гурӯҳи корӣ ҳамоҳангии ниҳодҳои масъули соҳаи тандурустӣ ва дигар сохторҳои вобаста дар минтақаи наздимарзӣ хоҳад буд.
Яке аз самтҳои муҳим дар ин лоиҳа табодули саривақтии иттилоот дар хусуси вазъи эпидемиологӣ дар минтақа аст. Ҳамчунин, қарор аст, назорати эпидемиологӣ дар минтақаҳои наздисарҳадӣ тақвият ёфта, чораҳои пешгирии интиқоли бемориҳои сироятӣ ба воситаи марз беҳтар карда шавад.
Дар доираи ин лоиҳа, эҳтиёҷоти тиббии аҳолии минтақаҳои наздимарзӣ мавриди таҳқиқ қарор мегиранд.
Гуфта мешавад, ки иҷрои ин лоиҳа омодагии Тоҷикистону Ӯзбекистон ба эҳтимоли таҳдидҳои эпидемиологиро беҳтар карда, ба рушд ва таҳкими амнияти санитарию эпидемиологии минтақаҳои наздисарҳадӣ мусоидат кунад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”