Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Трамп: “Ҷанг бо Эрон фавран пас аз интихоботи миёндавраӣ поён хоҳад ёфт”
Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико, муддаӣ шудааст, ки ҷанг бо Эрон пас аз баргузории интихоботи миёндавраии ин кишвар дар аввалҳои моҳи ноябр фавран поён хоҳад ёфт ва қимати нафт низ пас аз интихобот коҳиш пайдо мекунад.
“Ал-Ҷазира” рӯзи чаҳоршанбе, 9-юми сентябр, гузориш дода, ки Трамп дар гуфтугӯ бо хабарнигорон ин изҳоротро матраҳ кардааст.
Трамп гуфта, ки Амрико ба дунболи тавофуқ бо Эрон нест, аммо эҳтимоли баргузории музокирот миёни ду тарафро рад накардааст.
Ӯ дар бораи равобити Амрико ва Исроил низ гуфта, ки қарор аст бо мақомҳои исроилӣ дар бораи таҳримҳои ахир алайҳи шаҳракҳои ғайриқонунӣ дар Каронаи Бохтарии ишғолӣ гуфтугӯ кунад.
Изҳороти Трамп дар ҳоле матраҳ мешавад, ки танишҳо дар минтақаи Ховари Миёна ҳамчунон идома дорад ва ояндаи ҷанг ва музокироти эҳтимолӣ миёни Амрико ва Эрон норавшан аст.
Раиси ҷумҳури Амрико ҷузъиёти бештаре дар бораи чӣ гунагии поёни ҷанг ё музокироти эҳтимолӣ ироа накардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”