Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Фаришта Аббосӣ: “Покистон бояд дастури ихроҷи донишҷӯёни Афғонистонро лағв кунад”
Фаришта Аббосӣ, пажӯҳишгари Афғонистон дар Дидбони ҳуқуқи башар, гуфтааст, ки мақомҳои покистонӣ бояд дастури ихроҷ ва бозгашти донишҷӯёни афғонро бекор карда ва заминаи идомаи таҳсили қонунии ононро фароҳам созанд.
Аббосӣ рӯзи панҷшанбе, 10-уми сентябр, дар сафҳаи корбарии худ дар шабакаи иҷтимоии “Х” навиштааст, ки Покистон бо сабти номи дубораи донишҷӯёни Афғонистон, мамнуияти табъизомези пазириши ононро бояд лағв кунад.
Ӯ афзудааст, ки донишҷӯён бояд битавонанд ба сурати қонунӣ дар Покистон бимонанд ва таҳсили донишгоҳии худро ба поён бирасонанд.
Ин суханон дар ҳоле матраҳ мешавад, Покистон дастур додааст, ки донишҷӯёни афғон пас аз гузариши марҳилаи сабти ном ин кишварро тарк кунанд.
Дидабони ҳуқуқи башар низ аз мақомҳои покистонӣ хоста, ки дастури ихроҷи донишҷӯёни афғони риштаи тибро аз ин кишвар лағв кунанд ва ба донишҷӯёни навомада иҷозаи сабти ном бидиҳанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”