Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ду корд дарёфту мусодира гардид. Муноқишаи гурӯҳӣ миёни хонандагони мактаб пешгирӣ шуд
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз пешгирии муноқишаи гурӯҳӣ миёни ноболиғон хабар дод.
Манбаъ навиштааст, ки кормандони самти кор бо ноболиғон ва ҷавонони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ дар натиҷаи баргузории корҳои профилактикӣ аз муноқишаи гурӯҳӣ миёни ноболиғон пешгирӣ намуданд.
Гуфта мешавад, ки як гурӯҳ ноболиғон, хонандагони синфҳои 9-ум ва 10-уми яке аз муассисаҳои таълимии ноҳияи Фирдавсӣ, бо ҳамдигар маслиҳати пешакӣ намуда, мехостанд муноқишаи гурӯҳӣ ташкил кунанд. “Маҳз санҷиши саривақтӣ боис гардид, ки аз эҳтимоли содиршавии ҷинояти авбошӣ бо истифода аз корд пешгирӣ гардад”, - навиштааст манбаъ.
Иттилоъ дода мешавад, ки зимни санҷиш аз ду ноболиғ ду адад корд дарёфт ва мусодира карда шуд.
Манбаъ афзудааст, ки нисбат ба волидони 14 ноболиғ тибқи талаботи моддаи 90 КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколи маъмурӣ тартиб дода шуда, бо ноболиғон суҳбатҳои профилактикӣ гузаронида шуд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”