27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
11.09.2026 08:33

Ҳиллари Клинтон мегӯяд Амрико боис шуд Эрон қавӣ шавад

Ҳиллари Клинтон, вазири корҳои хориҷии пешини Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар суҳбат бо расонаҳои амрикоӣ гуфт, ки сиёсати Вашингтон дар тӯли 25 соли ахир боиси қавӣ шудани Эрон шуд.

Ҳиллари Клинтон дар ин суҳбут бо ишора ба пешрафтҳои Эрон дар қиболи сиёсатҳои Доналд Трамп ва Бенямин Нетаняҳу афзуд, ки Амрико худ дар қавӣ шудани Теҳрон нақш доштааст.

“Мо касоне ҳастем, ки Эронро қавӣ мекунем: оё аз корҳое, ки дар 25 соли гузашта анҷом додем, чизе наомӯхтем?” - зикр кард Ҳиллари Клинтон.

Ӯ афзуд, Эрон дар баробари дарёфти кумак аз Чин ва Русия барои коҳиш додани имкониятҳои ИМА дар дифоъ аз худ ва муттаҳидонаш “бозии хеле оқилона” анҷом медиҳад.

Ҳиллари Клинтон афзуд, ки Теҳрон фақат бо ташвиқу дастгирии сиёсӣ қавӣ нашуд, балки ҳамкориҳои он бо Пекин ва Маскав низ ба тағйир ёфтани тавозуни қудрат мусоидат намуд.

Ин изҳороти Ҳиллари Клинтон дар ҳоле садо медиҳад, ки муносибатҳои миёни ИМА ва Эрон ҳамчунон яке аз масълаҳои ҳассоси сиёсати байналмилалӣ боқӣ мондааст.

Ин суханони Вазири корҳои хориҷии пешини  Русия метавонад баҳсҳо дар хусуси натиҷаҳои сиёсати Вашингтон дар Ховари Миёна ва таъсири он ба мавқеи кунунии Эронро дубора гарм намояд.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.