27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
08.09.2026 17:42

Мариам Раҳмонова: «Ояндаамро дар соҳаи тиб мебинам, аммо моделиро низ идома медиҳам»

Мариам Раҳмонова дар як вақт се роҳи гуногунро пеш гирифтааст. Модел аст ва либосҳои миллиро муаррифӣ мекунад. Ҳамчун ҳунарпеша дар силсилафилми «Дӯкон» нақши асосиро иҷро кардааст, ки бисёр самимӣ ва хотирмон аст. Дар риштаи стоматология таҳсил мекунад ва дар оянда худро табиб мебинад. Мариам Раҳмонова мегӯяд, моделӣ шавқи кӯдакиаш аст, актёрӣ тасодуфан ба зиндагияш ворид шудааст ва тиб касбест, ки ояндаашро дар он мебинад. Азбаски ӯ барандаи унвони «Face of Tajikistan 2022» низ ҳаст, мегӯяд, модел бояд танҳо зебоӣ не, балки фарҳангу рафтору гуфтори кишварашро низ муаррифӣ кунад. 

Дар суҳбат бо мо аз интихоби касб, нақшофариаш дар «Дӯкон», масъулияти «Чеҳраи Тоҷикистон» будан ва нақшаҳои ояндааш гуфт.

- Шуморо ҳамчун ҳунарпеша, модел ва табиби оянда мешиносанд ва якбора дар чанд соҳа муваффақ шудаед. Нахуст бигӯед, ки аз ин ҳама касбҳо кадомаш ба шумо наздиктар аст?

- Фикр мекунам, аксар маро ҳамчун модел мешиносанд. Дар умум, ба ҳама коре, ки машғул ҳастам, аз таҳти дил иҷро мекунам ва ҳоло намехоҳам миёни онҳо якеро болотар ё поинтар гузорам. 

- Шумо, ки расман дар риштаи стоматология таҳсил мекунед, бигӯед, ки ин касбро чӣ гуна интихоб кардед?

- Азбаски модарам табиб ҳастанд, аз хурдӣ орзу доштам, ки касби модарамро интихоб кунам. Шукр, ба ин орзуям расидам ва интихоби касбам тасодуфӣ нест, балки дар натиҷаи роҳнамоии аҳли оилаву шавқу завқи худам аст. 

- Оё дар оянда ҳамчун дандонпизишк фаъолият мекунед?

- Албатта, ман касби асосиамро дӯст медорам ва ояндаамро маҳз дар соҳаи тиб мебинам.

- Чӣ хел шуд, ки шумо ҳамчун як табибшаванда ба касбҳои ҳунарӣ, аз қабили актёрӣ ва моделӣ шавқ пайдо кардед?

- Моделӣ низ шавқи кӯдакиам аст. Аз хурдӣ ба фаъолияти моделҳои ҷаҳонӣ таваҷҷуҳ доштам ва ин соҳаро низ барои худам мувофиқ медонистам. Аслан, ман ба моделӣ ҳамчун шуғл муносибат мекунам ва ин корамро низ хеле зиёд дӯст медорам. 

- Тавре медонем, барои табиб шудан солҳои зиёд таҳсил кардан лозим аст ва ин роҳ хеле мушкил мебошад. Лутфан, бигӯед, ки ба актёрӣ ва моделӣ ворид шудан чӣ мушкилиҳо дорад?

- Аксар одамон шуғл доранд ва аз рӯйи шавқу ҳавас ба корҳои гуногун машғул мешаванд. Ҳамин шавқу ҳавас сабаб мешавад, ки ҳар гуна мушкилиро сарфи назар кунӣ ва ба кори дӯстдоштаат машғул шавӣ. Масалан, барои ман, ки моделиву ҳунарпешагиро дӯст медорам, машғул шудан ба ин корҳо ҳам осон аст ва ҳам шавқовар. Албатта, бархе монеаҳову душвориҳо пайдо мешаванд, вале чун шавқ зиёд аст, роҳ давом меёбад. 

- Шумо дар силсилафилми “Дӯкон” нақши асосиро иҷро кардаед. Чӣ гуна ба ин филм даъват шудед?

- Иҷро кардани нақши асосӣ дар силсилафилми “Дӯкон” як навъ тасодуфӣ буд. Созандагони филми мазкур маро ҳамчун модел шинохтанд ва ба кастинг даъват намуданд. Он замон ман ба пешаи ҳунарпешагӣ шавқи зиёд надоштам, аммо чун даъват шуд, хостам як бор худамро бисанҷам. Ҳамин тавр, қабул шудам ва корро оғоз кардам. 

- Маълум аст, ки пеш аз силсилафилми “Дӯкон” таҷрибаи нақшофарӣ дар филмҳоро надоштед. Чӣ гуна ба худ боварӣ пайдо кардед ва иҷрои нақши асосиро дар силсилафилм қабул намудед?

- Фикр мекунам, модарам маро аз хурдӣ дар рӯҳияе калон кардаанд, ки ба худ боварӣ дошта бошам. Чун имкони худро дар экрани калон санҷидан пайдо шуд, худамро санҷидам ва шукр, ки муваффақ гардидам. 

- Мегӯянд, ки актёр бояд қаҳрамонашро дӯст дорад, ҳатто агар ӯ кори нодуруст кунад? Шумо нисбат ба қаҳрамони худ чӣ эҳсос доштед?

- Ман дар силсилафилми “Дӯкон” нақши духтари одиеро бозӣ кардам, ки бо ҳама самимӣ аст ва махсусан падару модарашро хеле дӯст медораду ҳамеша дар фикри беҳбудии оила мебошад. Фикр мекунам, ба чунин нақш ворид шудан, ки инъикоскунандаи зиндагии ҳаррӯзаи мост, кори душвор нест. Дар ҷараёни кор ман то андозае қаҳрамонамро дӯст доштам. 

- Оё ягон саҳна буд, ки баъди иҷро карданаш фикр карда бошед: «Ман агар дар зиндагии воқеӣ дар чунин вазъ мебудам, ҳамин тавр рафтор мекардам?»

- Ҳоло лаҳзаи муайянеро ба ёд оварданам душвор аст, вале дар аксар ҳолат ман мисли қаҳрамонам рафтор намекардам, зеро ӯ хеле орому хоксор аст.  

- Оё ҳамчун ҳунарпеша ба филмҳои нав даъват мешавед, ё ҳоло болои лоиҳае кор карда истодаед?

- Бале, ба ҳайси ҳунарпеша ба филмҳои гуногун даъват шудаам ва насиб бошад, моҳҳои оянда дар чанд лоиҳа иштирок хоҳам кард. 

- Шумо ҳамчун модел дар лоиҳаҳои зиёд иштирок кардаед ва хеле хуб шинохта шудаед. Ба фикри шумо, модел кист ва чӣ рисолат дорад? 

- Модел муаррифгар аст. Ӯ либосҳоро ба таври муносиб муаррифӣ карда, таваҷҷуҳи алоқамандон ва харидоронро ба маҳсулоти тарроҳон ҷалб мекунад.

- Шуморо “Face of Tajikistan-2022” мегӯянд. Ғолиб омадан ва унвони “Face of Tajikistan-2022”-ро соҳиб шудан чӣ қиссае дорад? 

- Соли 2022 дар кастинг иштирок кардам ва бо ду довталаби дигар ба даври баъдӣ гузаштам. Сипас, аз миёни се нафар маро ҳам доварони тоҷик ва ҳам доварони кореягӣ ғолиб интихоб карданд ва унвони “Face of Tajikistan 2022”-ро ба даст овардам. Вазифаи ғолиби озмуни мазкур муаррифии либоси тоҷикӣ дар арсаи байналмилалӣ аст. 

- Ба назари худи шумо, модели тоҷик вақте Тоҷикистонро дар хориҷ намояндагӣ мекунад, бояд ғайр аз зебоӣ боз чиро бо худ барад?

- Албатта, моделӣ танҳо зебоии намуди зоҳирӣ нест. Дар баробари чеҳраи зебову қомати баланд, бояд рафтору гуфтори хуб дошта бошӣ ва таъриху фарҳанги худро донӣ, то ки кишваратро ба таври шоиста муаррифӣ намоӣ. 

- Тарзи зиндагии модел аз берун зебо менамояд ва бисёриҳо орзу ҳам мекунанд. Бигӯед, ки ин касб чӣ душвориҳо дорад? 

- Шукр, соҳаи моделӣ дар кишвари мо рӯз то рӯз рушд мекунад ва талабот ба ин касб рӯз то рӯз бештар мешавад. Душворӣ ё паҳлуи манфии ин пеша дар он аст, ки мардум моделҳоро бештар мавриди муҳокима қарор мегиранд, баъзан шарҳҳои нохуб менависанд. Ҳамчунин, дар ҷараёни кор аз сабабе, ки ҳамеша бо пойафзоли пошнабаланд мегардӣ, хеле душвор аст. 

- Агар байни тиб ва моделӣ интихоб кардан лозим шавад, кадомашро интихоб мекунед?

- Ҳар ду. Ҳам табибӣ ва ҳам моделӣ бароям шавқовар ҳастанд ва якеро интихоб карда наметавонам. 

Мусоҳиб 

Ҳафизуллоҳ Тоҳирӣ

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.