Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Дар Тоҷикистон як хатти нави коркарди нафт сохта мешавад
Дар ноҳияи Ҷайҳуни вилояти Хатлон бунёди хатти нави коркарди нафт оғоз шуд, ки бар асоси нақша метавонад солона то 50 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ истеҳсол намояд. Дар ин корхона дар баробари битум истеҳсоли бензину сӯзишвории дизелӣ ба роҳ монда хоҳад шуд.
Дар корхонаи “Салоса”, ки ба истихроҷ ва коркарди нафт машғул мебошад, ба бунёди хатти нави технологӣ санги асос гузошта шуд. Мақомоти Тоҷикистон мегӯянд, ки таҷҳизоти нави корхона имкон медиҳад доираи маҳсулоти истеҳсолшаванда густариш дода шавад. Ҳоло корхона асосан битуми барои роҳсозӣ истифодашаванда истеҳсол мекунад.
Баъди ба кор даромадани хатти нав истеҳсоли бензин ва сӯзишвории дизелӣ низ пешбинӣ шудааст. Иқтидори хатти нав 50 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ дар як сол арзёбӣ мешавад.
Корхонаи “Салоса” аз соли 2003 фаъолият мекунад. Ин корхона яке аз корхонаҳои саноатии таъсисёфта дар давраи истиқлоли Тоҷикистон ба шумор меравад. Бар асоси иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об, дар корхона ҳоло беш аз 100 мутахассиси маҳаллӣ кор мекунанд.
Бунёди ин хати технологӣ дар ҳоле оғоз мешавад, ки Тоҷикистон талош дорад истеҳсоли дохилии маҳсулуоти саноатиро афзоиш диҳад. Дар вилояти Хатлон фақат дар шаш моҳи соли 2026 даҳҳо коргоҳи нави саноатӣ таъсис дода шудаанд.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”