27 Сентябр 2026,
якшанбе, 20:09, Душанбе
08.09.2026 18:02

Стив Уиткофф ва Кушнер: Аврупо аз нақшаи Вашингтон барои анҷоми ҷанги Украина нигарон аст

Аз ҷанги Русия ва Украина панҷ сол мегузорад. Дипломатҳо талошҳоеро барои поён додан ба ин ҷанг оғоз кардаанд ва бо ибороти дипломатӣ мегӯянд, ки роҳи расидан ба як тавофуқи дуҷониба муҳайё аст.  Чанде қабл як афсари артиши Британия гуфт, ки агар ин талошҳо боиси вогузории сарзаминии Украина ба Русия шаванд, сулҳ ба вуҷуд намеояд, балки хатари ҷанги бузургтар дар Аврупоро дар пай хоҳад дошт.

Хэмиш де Бреттон-Гордон, фармондеҳи пешини полки якуми танкии Британия дар мақолае дар рӯзномаи “Телеграф” аз рафтори фиристодагони президенти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Стив Уиткофф ва Ҷаред Кушнер дар вақти мулоқот бо Владимир Зеленский интиқод намудааст.

Ин афсари британиягӣ навишт, дар шароите, ки Путин зери фишори фазоянда қарор дорад, кӯшиши ба Русия партофтани “таноби наҷот” бояд кишварҳои аврупоиро нигарон кунад. Тибқи гуфтаи муаллиф, агар ҳадафи ин талошҳо фақат ба даст овардани як дастоварди сиёсӣ барои Трамп пеш аз интихоботи миёндавраии Амрико бошад, чунин муносибат ҳисобгарона ва кӯтоҳмуддат хоҳад буд. Агар дар паси ин стратегияи воқеӣ қарор дошта бошад, ҳанӯз маълум намешавад, ки ин стратегия чӣ гуна метавонад ҷангро ба таври одилона ба поён расонад.

Яке аз нуктаҳои асосие, ки Де Бреттон-Гордон мавриди танқид қарор додааст, шумори сафарҳои Уиткофф ба Русия ва Украина мебошад. Тибқи навиштаи ӯ, Уиткофф, ки аз музокиракунандагони калидии Доналд Трамп маҳсуб мешавад, борҳо ба Маскав сафар намудааст. Ин  сафарҳо дар ҳолест, ки ӯ танҳо як маротиба ба Киев рафтааст. Ӯ инро нишонаи муносибатҳои нобаробар ба ду ҷониби ҷанг, дар шароите медонад, ки дар оғози соли 2022 ҳамлаҳои Русия ба Украина шиддат гирифт.

Амалкари Уиткофф ва Кушнер дар вақти мулоқот бо Путин низ мавриди интиқоди ин афсари британиягӣ қарор гирифт. Ӯ менависад, Уиткофф ва Кушнер дар Кремл нисбат ба президенти Русия хеле гарм ва самимӣ рафтор мекунанд. Ӯ таъкид мекунад, ки рафтори Уиткофф ва Кушнер дар мулоқот бо Владимир Зеленский тамоман дигар будааст. Де Бреттон-Гордон ин фарқиятро “ноҷо” ва ҳатто “шармовар” арзёбӣ мекунад.

Уиткофф ва Кушнер барои расидан ба минтақаи ҷангӣ аввал бо ҳавопаймо ба Полша рафта, баъдан бо қатора ба Украина сафар намудаанд. Гуфта мешавад, ки Киев гузориши бехатарии онҳоро кафолат дода буд, вале хатари ҳамлаҳои Русия ба ҳадафҳо дар қаламрави Украина ҳамоно вуҷуд дошт.

Афсари британиягӣ дар мақолаи худ менависад, ҳамаи ин нишон медиҳад, ки пушти суханҳои дипломатӣ ва изҳороти мусбат ҳанӯз тағйири ҷиддӣ дар мавқеи ҷонибҳо ба вуҷуд наомадааст.

Тибқи арзёбии ӯ, яке аз масъалаҳои асосӣ табодули қаламравҳои ишғолшуда мебошад. Ӯ ишора мекунад, ки Русия ҳамоно хоҳони тамоми Донбас ва қаламравҳои дар натиҷаи ҷанг бадастоварда мебошад. Ӯ менависад, ки Киев ба чунин шартҳо розӣ нест. Ӯ ба нақл аз Зеленский таъкид мекунад, ки додани бахше аз хоки Украина ба Русия масъалаи ҳаёт ва мамот мебошад.

 Афсари британиягӣ дар мақолаи худ менависад, Аврупо низ бояд ба ин масъала ба ҳайси масъалаи ҳаёт ва мамот нигоҳ кунад, зеро тағйири маҷбурии марзҳо метавонад барои амнияти тамоми минтақа оқибатҳои ҷиддӣ дошта бошад. Ӯ пешниҳод мекунад, ки бо вуҷуди идомаи ҷанг, бояд фишорҳои иқтисодӣ нисбат ба Русия афзоиш ёбанд.

Ба навиштаи ӯ, Кремл метавонад талафоти низомиро маҳдуд нишон диҳад, иттилои номатлубро назорат кунад ва аз воситаҳои таблиғотӣ истифода барад, вале пинҳон намудани оқибатҳои иқтисодии ҷанги тӯлонӣ душвортар мешавад.

Ҷанг барои Русия хароҷоти бузурги инсониву моддӣ дорад ва идомаи фаъолияти мошини низомӣ захираҳои зиёдро талаб мекунад. Дар ҳамин ҳол, муаллифи мақола иддао мекунад, ки Украина дар истифодаи ҳавопаймоҳои бесарнишин дар умқи қаламрави Русия ба натиҷаҳои бештар ноил мешавад.

Ӯ менависад, ки агар дар ин самт Вашингтон қадам нагузорад, бояд Аврупо амал кунад, зеро агар Амрико омода набошад, ки бо истифода аз имкониятҳо низоми тавозуни майдони ҷангро тағйир диҳад, кишварҳои аврупоӣ бояд масъулияти бештарро ба дӯш гиранд.

Ӯ ба афзоиши нақши технологияҳои низомии аврупоӣ, ба вижа ҳавопаймоҳои бесарнишин ишора менамояд. Муаллиф ҳамчунин, мегӯяд, ки Аврупо аз ҳоло дар пайи як навъ “ҷанги гибридӣ” бо Русия аст ва таҳдиди густариши низоъ бояд нодида гирифта шавад.

Ба навиштаи ӯ, Украина на ба силоҳ ниёз дорад, на ба ваъдаи ҷанг. Бар асоси гуфтаи муаллиф Украина барои гузаштан аз зимистони дарпешистода бештар аз изҳороти ҳамдардии сиёсатмадорони Ғарб ниёз дорад. Ӯ таъкид мекунад, ки Киев ба мушакҳои боздоранда, ҳавопаймоҳои бесарнишин, лавозимоти ҷангӣ ва системаҳои дифои ҳавоӣ эҳтиёҷ дорад, то тавонад аз мавҷҳои эҳтимолии нави ҳамлаҳои Русия ба зербиноҳои ғайринизомӣ дифоъ кунад.

Дар мақола таъкид мешавад, ки агар чунин кумакҳо пешниҳод шаванд, Украина метавонад муборизаро аз мавқеи қавитар идома диҳад. Ва, маҳз ҳамин мавқеъ, мегӯяд ӯ, заминаи сулҳро устувор кунад.

Де Бреттон-Гордон ба ин назар аст, ки идомаи ҷанг метавонад ба як бозии дуҷониба табдил ёбад. Агар Аврупо тасмим гирад, ки иштироки худро дар ҳимояти Украина ба таври ҷиддӣ афзоиш диҳад, эҳтимол аст вазъият дар майдони ҷанг тағйир ёбад.

Дар чунин ҳолат, тибқи гуфтаи ӯ, то баҳори соли оянда суоли асосӣ шояд дигар фақат дар хусуси ояндаи Киев набошад. Ин суол метавонад ба худи Маскав баргардад: то куҷо ҷомеаи Русия омодааст, хароҷоти ҷанги тӯлонӣ ва талафоти онро таҳаммул кунад? Аммо то замоне ки ҳалли дипломатӣ ба як созиши қобили қабул барои ҳар ду ҷониб табдил наёфтааст, ҷанг идома хоҳад дошт ва ҳар гуна кӯшиши сулҳе, ки Киевро ба додани қаламраваш маҷбур мекунад, метавонад ба ҷои поёни низоъ, оғози марҳилаи хатарноктари онро дар Аврупо ба вуҷуд орад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.