Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Тимҳои миллии футболи Тоҷикистону Русия мехоҳанд бозии дӯстона баргузор кунанд
Тимҳои миллии Тоҷикистон ва Русия мехоҳанд дар шаҳри Душанбе бозии дӯстона баргузор кунанд. Дар ин хусус Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дода, зикр кардааст, ки ҳоло ду ҷониб рӯи ин иқдом фикр мекунанд. Ҳамчунин, таъкид шуд, ки сана ва дигар ҷузъиёти эҳтимолии ин вохӯрӣ муайян нашудааст.
Искандар Ҷалилов, ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон дар суҳбат бо “Спорт Экспресс” гуфт, ки миёни Федератсияи футболи Тоҷикистон ва Иттиҳоди футболи Русия робитаҳои хуб вуҷуд дорад.
Тибқи иттилои Искандар Ҷалилов федератсияҳои футболи ду кишвар мунтазам бо ҳам дар тамос буда, дархостҳои якдигарро баррасӣ мекунанд ва баъд аз дастовардҳои варзишӣ якдигарро табрик мегӯянд.
Искандар Ҷалилов афзуд, ки ҳоло барои эълон намудани бозӣ барвақт аст, вале идеяи баргузории он дар миёни ҷонибҳо вуҷуд дорад.
Ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон гуфт, ки Варзишгоҳи миллии нави кишвар барои доир намудани бозиҳо бо ширкати тимҳои миллӣ ва бошгоҳҳои мухталиф имконият дорад.
Ба гуфтаи Искандар Ҷалилов, пеш аз ҳама бояд тақвими бозиҳои байналмилалӣ ва имконииятҳои ҳар ду даста ба назар гирифта шавад.
Искандар Ҷалилов афзуд, ки муносибатҳои миёни ду федератсия дар сатҳи олӣ қарор дорад ва масъалаҳои вобаста ба баргузории чунин мулоқот метавонанд ҳатто ба як занги телефонӣ ҳал шаванд.
Иқдоми бозии дӯстонаи тимҳои миллии Тоҷикистону Русия аз ҷониби Тоҷикистон матраҳ шуд. Он ҳоло як идея буда, то ҳол оид ба баргузории он ягон созишнома ба имзо нарасидааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”