Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
“Шаб дер хона омадааст”. Таҳқиқи навори лату кӯб шудани духтаре аз ҷониби падараш
Вазорати корҳои дохилӣ наворе, ки дар он падаре духтарашро бераҳмона лату кӯб мекунад, таҳқиқ намуд.
ВКД дар сомонаи расмиаш навишт, ки дар натиҷаи таҳқиқи навор ва доир намудани чорабиниҳои мақсаднок аз ҷониби кормандони Шуъбаи ошкоркунии ҷиноят дар байни ҷавонони РОПҲНҶ ВКД ва ШВКД дар шаҳри Турсунзода муайян карда шуд, ки марди дар наворбуда Ҳасанов Фарҳод Муроталиевич санаи таваллудаш 1983 сокини деҳаи Кетманчоптии шаҳри Турсунзода, оиладор соҳиби 4 фарзанд мебошад.
Гуфта мешавад, ки номбурда бо ҳамсару фарзандонаш муддати 3 сол мешавад, ки дар Ҷумҳурии Ингушетияи Федератсияи Россия зиндагӣ мекунад ва бинобар шабгардии духтари 10-солааш ба ғазаб омада, барои такрор накардан ӯро ҷазо дода, шадидан лату кӯб намудааст.
Мақомоти интизомӣ меафзояд, ки нисбат ба номбурда маводи зарурӣ ҷамъоварӣ карда шуда, чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”