Дар шаҳри Душанбе як зан бо иттиҳоми ташкили фоҳишахона боздошт шуд
"Худро соҳибкор муаррифӣ мекард". Боздошти зане бо гумони қаллобӣ
Пешвои миллат бо роҳбарону фаъолони вилояти Суғд мулоқот намуданд
Зеленский хостори идомаи фишор ва таҳримҳо алайҳи Русия шуд
Раҷаб Аҳмадзода бо раиси Иттиҳодияи содиркунандагони вилояти Хуросони Эрон мулоқот кард
Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода бо раиси Иттиҳодияи содиркунандагони вилояти Хуросони Ҷумҳурии Исломии Эрон, муовини Палатаи муштараки бозоргонии Тоҷикистону Эрон Шердил Қозим мулоқот намуд.
Тавре ки хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар медиҳад, Раҷаб Аҳмадзода доир ба имконияту иқтидори иқтисодиву истеҳсолии вилоят маълумот дода, иброз доштааст, ки дар шаҳру ноҳияҳои Суғд садҳо иншооти муҳими истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардида, дар ин раванд истифодаи технологияҳои муосир ва ҷорӣ намудани хатҳои нави истеҳсолӣ ба таври васеъ ба роҳ монда шудааст.
Манбаъ навиштааст, ки дар мулоқот масъалаи ҳамкорӣ дар самти навсозии хатҳои ташноб, таҷдиду навсозии мавзеъҳои партовоб, насби технологияҳои муосир барои коркарди партовоб ва истеҳсоли нуриҳои органикӣ аз партовоб мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Гуфта мешавад, ки дар марҳилаи аввал татбиқи чунин лоиҳаҳо дар шаҳри Хуҷанд ва минтақаи атрофи он, аз ҷумла дар шаҳрҳои Гулистон ва Бӯстон ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дар назар дошта шудааст.
"Раиси вилояти Суғд таъкид намуд, ки ҷорӣ намудани технологияҳои муосир дар самти коркарди партовоб ва истифодаи оқилонаи маҳсулоти коркардшуда, аз ҷумла истеҳсоли нуриҳои органикӣ барои соҳаи кишоварзӣ аҳамияти муҳим дорад", - зикр мегардад дар иттилоия.
Dialog.TJ
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”