Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Ду блогери рус дар Қазоқистон барои “барангехтани кинаву адовати миллӣ” боздошт шуданд
Мақомоти интизомии Қазоқистон ду блогери рус - Анастасия Ахметова ва Элмира Кулаковаро, ки дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз робитаҳои наздики Қазоқистон бо Русия ҳимоят мекарданд, барои барангехтани кинаву адовати миллӣ боздошт карданд.
Боздошти ду блогери маъруфи русзабон дар Қазоқистон баҳсҳои нав дар хусуси муносибати мақомоти Қазоқистон бо фаъолони шабакаҳои иҷтимоиро ба вуҷуд овардааст.
Тибқи иттилои расонаҳо Анастасия Ахметова ва Элмира Кулакова рӯзи 4-уми сентябр ба идораи полис даъват ва боздошт шудаанд.
Гуфта мешавад, ки ду блогери русзабон дар идораи полис беш аз чор соат бозпурсӣ шудаанд.
Тибқи иттилои расонаҳои қазоқӣ бар зидди ҳарду блогерзан тиқби моддаи 174-и Кодекси ҷиноятии Қазоқистон “барангехтани адовати байни миллатҳо” парванда боз шудааст. Полиси Қазоқистон то ҳол мушаххас накардаанд, ки кадом навишта ва ё видеои блогерони русзабон боиси боздошти онҳо шудааст.
Ин ду блогери зан дар мавриди миллатгароӣ, муносибат ба аҳолии русзабон ва сиёсати забонӣ дар Қазоқистон мавқеъҳои интиқодӣ баён намудаанд.
Ин ду блогери рус дар шабакаҳои иҷтимоӣ масъалаҳои сиёсӣ ва амниятиро матраҳ мекарданд.
Тибқи иттилоъ Анастасия Ахметова ба ҳабси хонагӣ ва Элмира Кулакова ба боздоштгоҳ фиристода шудаанд. Баъди боздошт ва бозпурсӣ манзили Ахметова мавриди кофтуков қарор гирифтааст.
Боздошти ду блогери русзабон дар Қазоқистон сару садои зиёд ба вуҷуд овардааст. Никита Мендкович, роҳбари Клуби таҳлилии авруосиё боздошти ду блогери русро талош барои маҳдуд намудани садои блогерҳои русзабон маънидод кардааст.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”