27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:42, Душанбе
07.09.2026 18:24

Пизишкиён: “Рушди ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар авлавияти сиёсати хориҷии Эрон аст”

Масъуд Пизишкиён, президенти Ҷумҳурии Исломии Эрон ба муносибати 35-умин солгарди Истиқлоли Тоҷикистон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва мардуми ин кишварро табрик намуда, афзуд, ки Теҳрон рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Душанберо дар авлавияти сиёсати худ қарор додааст.

Ӯ дар паёми табрикотии худ ба Эмомалӣ Раҳмон, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии ду кишварро яке аз заминаҳои муҳимми густариши муносибатҳои дуҷониба номид. Масъуд Пизишкиён таъкид кард, муштаракоти тамаддунӣ ва фарҳангии мардуми Эрону Тоҷикистон сармояи арзишманд барои таҳкими робитаҳои дӯстона дар миёни ду кишвар ба шумор меравад.

Масъуд Пизишкиён дар паёми худ робитаҳои таърихӣ, фарҳангӣ ва забонии ду кишварро яке аз заминаҳои муҳимми рушди муносибатҳои Тоҷикистону Эрон донист. Ӯ таъкид намуд, ки миёни ду кишвар робитаҳои деринаи таърихиву фарҳангӣ вуҷуд доранд ва ин муштаракот метавонанд барои наздиктар шудани муносибатҳои дуҷониба истифод шаванд.

“Пайвандҳои деринаи таърихӣ, фарҳангӣ, забонӣ ва муштаракоти тамаддунии ду кишвар, ҳамеша сармояи бузург, барои амиқтар ва густариш ёфтани муносибатҳои бародарона будааст”- зикр намуд президенти Эрон

Тибқи гуфтаи ӯ, Теҳрон рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Тоҷикистонро дар маркази сиёсати хориҷии худ қарор додааст. Ӯ афзуд, Эрон омодаи густариши бештари муносибатҳо бо Тоҷикистон аст.

«Ҷумҳурии Исломии Эрон рушди ҳамкориҳои ҳамаҷониба бо Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар авлавияти сиёсати хориҷии худ қарор дода ва бар азми қавии худ барои таҳкими ҳарчи бештари ин равобит ба манзури манфиатҳои мутақобил, таъмини субот ва амнияти минтақа ва боло бурдани фарҳанг ва адаби муштарак таъкид мекунад»,- зикр мекунад Президенти Эрон.

Президенти Эрон дар поёни паёми худ, Эмомалӣ Раҳмон, давлат ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли кишвар табрик намуд. Ӯ Истиқлоли Тоҷикистонро “зуҳури соҳибихтиёрии миллӣ” ва оғози дигаргуниҳои бунёдӣ дар роҳи рушди кишвар номид. Тибқи гуфтаи ӯ, Истиқлоли Тоҷикистон бозгӯи “иродаи устувор ва талоши баланди мардуми Тоҷикистон” барои расидан ба Истиқлол, иззат ва сарбаландӣ аст.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.