Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст
Ироқчӣ: “Дар сурати пазируфтани шартҳои Эрон тангаи Ҳурмуз боз мешавад”
Русия аз эҳтимоли ҳузури низомии Амрико дар Арманистон нигарон аст
Як мақоми баландпояи Русия таъкид намуд, ки лоиҳаи нави иртиботии Амрико дар Қафқоз метавонад ба афзоиши ҳузури низомии Вашингтон дар Арманистон оварда расонад. Ӯ гуфт, Русия аз ҷойгиршавии эҳтимолии неруҳо ва зерсохторҳои низомии Амрико дар наздикии марзи Эрон, дар Арманистон нигарон аст.
Алексей Шевтсов, муовини дабири Шурои амнияти Русия бо баёни ин матлаб таъкид кард, ки иҷрои лоиҳаи мавсум ба “Роҳи Трамп барои сулҳ ва шукуфоии байналмилалӣ” метавонад барои фаъолияти низомии Амрико дар қаламрави Арманистон имкониятҳои нав фароҳам кунад.
Тибқи гуфти ӯ, дар доираи ин лоиҳа эҳтимоли ҷойгир шудани неруҳои низомӣ, ширкатҳои хусусии низомӣ ва баъзе зерсохторҳои иттилоотӣ вуҷуд дорад.
Алексей Шевтсов ин изҳоротро дар як нишасти амниятӣ дар хусуси ҳамкории Созмони аҳдномаи амнияти Дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай баён намуд.
Лоиҳаи “Роҳи Трамп” барои пайваст намудани Озарбойҷон бо Нахҷувон ба воситаи қаламрави Арманистон пешбинӣ шудааст. Ин лоиҳо пас аз мулоқти президенти Амрико Донал Трамп ба раҳбарони Арманистон ва Озарбойҷон дар соли 2025 ба мавзуи муҳимми геополитикӣ дар Қафқози Ҷанубӣ табдил шуд.
Русия ва Эрон аз наздик шудани Амрико ба ин минтақа изҳори нигаронӣ мекунанд. Арманистон ва Озарбойҷон тасмим гирфтаанд, ки бо роҳи гуфтугӯ масоили ихтилофбарангези ду ҷонибро ҳал кунанд.
Ҷонибдорони лоиҳа онро, қабл аз ҳама ҳамчун роҳи нави нақлиётӣ ва тиҷоратӣ муаррифӣ мекунанд. Вале Русия бар ин назар аст, ки ин масир метавонад паёмадҳои васеътари амниятӣ дошта бошад.
Намояндаи Русия ҳамзамон таъкид намуд, ки кишварҳои ғарбӣ талош доранд, ҳузури низомӣ ва зерсохторҳои вобаста ба амниятро дар Осиёи Марказӣ низ густариш диҳанд.
Ин мақоми рус мегӯяд, вазъият дар Афғонистон яке аз далелҳоест, ки барои чунин иқдомҳо истифода мешавад. Русия мегӯяд, кишварҳои Осиёи Марказӣ бояд аз паёмадҳои эҳтимолии ҷойгиршавии зерсохторҳои низомии Ғарб огоҳ бошанд.
Ин изҳороти мақоми рус дар ҳолест, ки рақобати қудратҳои бузург барои нуфуз ба Қафқози Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ бештар шудааст. Барои Русия ҳузури эҳтимолии Амрико дар ин минтақа метавонад ба манфиатҳои амниятии ин кишвар таъсир гузорад.
Dialog.tj
Хатти хабарҳо
Вазорати дифои Русия аз нобудсозии 945 дрони Украина хабар дод
Ҳамлаи террористӣ дар Покистон: 11 нафар кушта ва 30 нафар захмӣ шуданд
Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав
Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”