27 Сентябр 2026,
якшанбе, 19:06, Душанбе
07.09.2026 18:00

Тоҷикистон мехоҳад аз сурма садҳо миллион доллар ба даст орад

Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дар соли оянда фурӯши сурма ба бозори хориҷиро тақрибан ба 730 миллион доллар расонад. Ин ҳадаф ва барномаи бузург метавонад Тоҷикистонро ба яке аз бозигарони муҳимми бозори сурма табдил диҳад.

Тибқи дурнамои расмии истиқодӣ Тоҷикистон мақсад дорад соли 2027 тақрибан 15, 1 ҳазор тонна сурма содир кунад в аз он 737, 7 миллион доллар даромад ба даст орад. Ҳадафи даромад нисбат ба нақшаи соли 2026 тақрибан панҷ фоиз бештар мебошад.

Барои расидан ба ин ҳадафи бузург кишвар бояд истеҳсолу коркарди сурмаро ба таври назаррас афзоиш диҳад.

Бояд гуфт, ки сурма як маъдани маъмулии саноатӣ нест. Он дар истеҳсоли як қатор маҳсулоти саноатӣ, таҷҳизот ва технологияҳое истифода мешавад, ки барои иқтисоди муосир ва бахшҳои стратегӣ аҳамият доранд.

Дар ин замина афзоиши талабот ба сурма дар бозори ҷаҳонӣ барои Тоҷикистон имкони нав фароҳам кардааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дорои захираҳои бузурги сурма аст. Фақат дар кони тиллову сурмаи Канчоч, беш аз 265 ҳазор тонна ва 50 тонна тилло мавҷуд аст.  Ҳоло ширкати «TALCO Gold» дар ин минтақа ба истеҳсоли сурма ва тилло машғул мебошад.

Яке аз шартҳои асосии иҷрои нақшаи истеҳсолӣ ба фаъолияти корхонаи нави металлургии сурмаи “TALCO Gold” дар ноҳияи Айнӣ вобаста аст.

Корхона моҳи июли соли 2026 ба истифода дода шуд ва иқтидори он то 5 ҳазор тонна коркард ва истеҳсоли сурма дар як сол мебошад. Барои фаъолияти он истифодаи технологияҳои муосир пешбинӣ шудааст.

Мақомоти тоҷик умед доранд, ки афзоиши иқтидорҳои истеҳсолӣ на фақат ҳаҷми содирот, балки коркарди дохилии ашёи хомро низ бештар мекунад.

Dialog.tj

Хатти хабарҳо

26.09.2026 19:14

Фишори Трамп ба Зеленский барои дидор бо Путин дар Маскав

Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, аз Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина, хостааст барои мулоқот бо Владимир Путин ва талош барои азсаргирии музокироти сулҳ ба Маскав сафар кунад.
26.09.2026 12:39

Сумбул Лутфуллоева: “Барои ба дил расидан, дардро бояд ҳис кард”

Сумбул Лутфуллоева метавонист имрӯз муҳандис-технолог бошад, аммо муҳаббат ба сурудхонӣ ӯро ба саҳна овард. Ӯ Академияи давлатии Маскавро хатм кардааст, аммо имрӯз дар Консерваторияи миллии Тоҷикистон таҳсил мекунад ва роҳи худро дар ҷаҳони мусиқӣ мекобад. Финалисти Озмуни «Мисс Душанбе» ва барандаи ҷойи сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» аст.
26.09.2026 12:24

Афви байналмилал: нодида гирифтани ҳукми боздошти Нетаняҳу аз сӯйи ИМА шармовар аст

Созмони Афви байналмилал мегӯяд, дар ҳоле ки Бенямин Нетаняҳу, нахуствазири Исроил, ба иттиҳоми ҷиноятҳои ҷангӣ ва ҷиноятҳо алайҳи башарият таҳти пайгарди Додгоҳи байналмилалии ҷиноӣ қарор дорад, ӯ ба ҷойи ҳозир шудан дар додгоҳ дар Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню-Йорк суханронӣ мекунад.
26.09.2026 10:08

Гутерриш: “Ҳатто пас аз поёни маъмуриятам аз сулҳ ва каромати инсонӣ ҳимоят хоҳам кард”

Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, эълон кардааст, ки ҳатто пас аз поёни маъмурияташ ба ҳайси дабири кулли ин созмон, ба ҳимоят аз сулҳ, каромати инсонӣ ва волоияти қонун идома хоҳад дод.
26.09.2026 10:02

Ҷабҳаи озодии Афғонистон аз кушта ва захмӣ шудани панҷ ҷангҷӯйи Толибон дар Сарипул хабар дод

Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кардааст, ки дар пайи ҳамлаи низомии неруҳои ин ҷабҳа дар вилояти Сарипули Афғонистон, панҷ ҷангҷӯйи Толибон кушта ва захмӣ шудаанд.
25.09.2026 18:20

Сарвари давлат ба Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд

Имрӯз, 25-уми сентябр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд.